تاریخ انتشاريکشنبه ۱۱ مهر ۱۳۸۹ ساعت ۱۴:۳۵
کد مطلب : ۵۵۱
۰
plusresetminus
...
Хусусиёт ва вижагиҳои Имом
Ҷонишини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки зомини идома ёфтани ҳаёти дин ва низ ҷавобгўи ниёзҳои башар аст, шахсияти волое аст, ки мувофиқи ҷойгоҳи волои пешвоӣ ва раҳбарӣ хусусиятҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:
Тақво ва парҳезгорӣ ва бархўрдорӣ аз малакаи исмат ба гунае, ки кўчактарин гуноҳе аз ў сар намезанад.
Илму донише, ки аз илму дониши Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сарчашма гирифта аст ва ба илми илоҳӣ муттасил аст. Бинобар ин, ҷавобгўи ҳама дар тамоми заминаҳои моддӣ ва маънавӣ, динӣ ва дунявӣ аст.
Оростагӣ ба фазоил ва камолоти ахлоқӣ дар болотарини дараҷот.
Тавони идораи ҷомеаи башарӣ ва мудирияти саҳеҳи он бар асоси омўзаҳои динӣ.
Бо таваҷҷўҳ ба сифатҳои ёд шуда барои имом, хеле равшан аст, ки интихоби чунин шахсе аз тавону дониши мардум берун аст ва танҳо Худованд аст, ки ба сабаби илми бе ниҳояти худ метавонад пешвоён ва ҷонишинони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро интихоб намояд. Бинобар ин, аз муҳимтарин хусусиёти имом мансуб будани ў аз ҷониби Худои Мутаол аст.
Бо таваҷҷўҳ ба аҳамияти ин хусусиёт ва вижагиҳо хулосавор дар бораи ҳар кадом тавзиҳоте медиҳем:
Илми Имом
Имом, ки симати пешвоӣ ва раҳбарии мардумро ба ўҳда дорад лозим аст динро бо тамомии ҷиҳоту завоёи худ бишносад ва бо қавонини он огоҳии комил дошта бошад ва низ бо донистани тафсири оятҳои Қуръон ва иҳотаи комил ба суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба баёни маорифи дин пардохта ва ба ҳамаи саволҳои мардум дар мавзўоти мухталиф ҷавоб диҳад ва онҳоро ба беҳтарин равиш роҳнамоӣ кунад. Равшан аст, ки чунин марҷаи илмӣ метавонад мавриди эътимод ва такягоҳи гурўҳҳои мардум қарор гирад ва чунин пуштивонаи илмӣ, танҳо ба воситаи иттисол ба илми илоҳӣ метавонад вуҷуд дошта бошад. Ба ҳамин далел аст, ки шиа мўътақид аст илми имомон ва ҷонишинони воқеии Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар гирифта аз илми бекарони илоҳӣ аст.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар бораи аломатҳои имоми барҳақ мефармояд:
“Имом огоҳтарин шахс ба ҳалолу ҳароми Худо ва аҳкоми гуногун ва амрҳову наҳйҳои ў ва ҳар он чӣ мардум ниёзманданд, мебошад”.
Исмати имом 
Яке аз сифатҳои муҳимми имом ва шароити асосии имомат, “исмат” (маъсум будан) аст ва он малакае аст, ки аз илм ба ҳақиқатҳо ва иродаи қавӣ ба вуҷуд меояд ва имом ба сабаби бархўрдорӣ аз ин ду аз иртикоби ҳар гуноҳ ва хатое худдорӣ мекунад. Имом, ҳам дар шинохту баёнӣ маорифи динӣ ва ҳам дар амал ба онҳо ва ҳам дар ташхиси маслиҳатҳо ва фасодҳои ҷомеаи исломӣ, маъсум аз лағзиш мебошад.
Барои исмати имом далелҳои ақлӣ ва нақлӣ (аз Қуръон ва ривоёт) вуҷуд дорад. Муҳимтарини далелҳои ақлӣ иборатанд аз:
1-Ҳифзи дин ва роҳу расми диндорӣ, дар гарави исмати имом аст. Чун имом масъулияти ҳифзи дин аз таҳриф ва ҳидояти динии мардумро бар ўҳда дорад ва на танҳо сухани ў ки рафтори ў ва таъйид кардану таъйид накарданаш нисбат ба амали дигарон дар рафтори ҷомеа таъсир мегузорад. Пас бояд дар фаҳми дин ва амал ба он аз ҳар лағзише маҳфуз ва дар амон бошад, то пайравони худро ба гунаи саҳеҳ ҳидоят кунад.
2-Яке аз далелҳои ниёзи ҷомеа ба имом ин аст, ки мардум дар шинохти дин ва иҷрои он аз хато дар амон нестанд. Ҳоло, агар пешвои мардум низ чунин бошад чӣ гуна метавонад мавриди эътимоди комили онҳо қарор гирад?! Ба баёни дигар, агар имом маъсум набошад, мардум дар пайравӣ аз ў ва анҷоми ҳамаи дастуроташ дучори шакку тардид хоҳанд шуд.
Оятҳое аз Қуръон низ бар лозим будани маъсум будани имом далолат мекунад, ки аз ҷумлаи онҳо ояти 124 сураи Бақара аст. Дар ин ояти шарифа омада аст, ки пас аз мақоми набувват Худованди Мутаол мақоми волои имоматро низ ба ҳазрати Иброҳим саломуллоҳи алайҳ ато фармуд. Онгоҳ ҳазрати Иброҳим аз Худованд дархост намуд, ки мақоми имоматро дар насли ў низ қарор диҳад. Худованди Мутаол фармуд:

"... لا ينال عهدي الظالمين".
“Аҳди ман (имомат) ба ситамкорону золимон намерасад”. Яъне мансаби имомат махсуси он даста аз зуррияи Иброҳим саломуллоҳи алайҳ аст, ки золим набошанд.
Ҳоло, бо таваҷҷўҳ ба ин ки Қуръони Карим ширк ба Худоро зулми бузург дониста ва низ ҳар гуна таҷовуз аз дастуроти илоҳӣ (гуноҳ)-ро низ зулм ба нафси худ шумурда аст, ҳар кас дар зиндагии худ муртакиби гуноҳе шавад, мисдоқи золим буда ва шоистагии мақоми имоматро нахоҳад дошт.
Ба баёни дигар бе шак ҳазрати Иброҳим саломуллоҳи алайҳ “имомат”-ро барои он даста аз зуррияи худ, ки дар тамоми умр гунаҳкор буда ва ё дар оғоз некўкор буда ва сипас бадкор шудаанд, дархост накардааст. Бинобар ин, ду даста боқӣ мемонад:
1-Онон, ки дар оғоз гунаҳкор буда ва сипас тавба карда ва некўкор шудаанд.
2-Онҳое, ки ҳеҷ гоҳ муртакиби гуноҳе нашудаанд.
Ва Худованди Мутаол дар каломи худ дастаи аввалро хориҷ кардааст. Натиҷа ин мешавад, ки мақоми имомат танҳо ба дастаи дуввум ихтисос дорад.
 
Мудирияти иҷтимоии Имом саломуллоҳи алайҳ
Аз он ҷо, ки инсон мавҷуде иҷтимоӣ аст ва иҷтимоъ бар рўҳу равон ва рафтори ў таъсири фаровоне дорад, лозим аст барои тарбияти саҳеҳ ва рушди ў ба сўи қурби илоҳӣ, заминаҳои иҷтимоии муносиб ба вуҷуд ояд ва ин дар сояи ташкили як ҳукумати илоҳӣ мумкин хоҳад буд. Бинобар ин, имом ва пешвои мардум, бояд тавони идораи умури ҷомеаро доро буда ва бо истифода аз таълимҳои Қуръон ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва баҳрагирӣ аз афроди кор омад ҳукумати исломиро поярезӣ кунад.
Оростагӣ ба камолоти ахлоқӣ
Имом, ки пешво ва раҳбари ҷомеа аст, бояд аз ҳамаи бадиҳо ва разолатҳои ахлоқӣ дур буда ва дар муқобил, ҳама камолоти ахлоқиро дар олитарин ҳадди он доро бошад, чун Ў ба унвони инсони комил беҳтарин улгу барои пайравони худ ба шумор меравад.
Имом Ризо саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Барои имом нишонаҳое аст: Ў донотарин... парҳезгортарин, бурдбортарин, шуҷоътарин, саховатмандтарин ва обидтарини мардум аст.”
Ба илова имом дар мақоми ҷонишинии Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар паи таълим ва тарбияти инсонҳо аст. Бинобар ин, худ бояд пеш аз ҳамагон ва бештар аз дигарон ба ахлоқи илоҳӣ ороста бошад.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“Касе, ки ба амри Худо худро имоми мардум қарор дода аст, пас бар ў лозим аст, ки пеш аз таълими дигарон ба таълими худ ҳиммат гузорад ва бояд дигаронро ба василаи рафтори худ тарбият кунад пеш аз он ки бо гуфтор тарбият кунад.”
Насбу таъйини имом аз сўи Худоنصب تعیین امام از سوی خدا
Аз дидгоҳи шиа имом ва ҷонишини Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам танҳо бо дастури Худо ва интихоби Ў анҷом мегирад ва пас аз он, Паёмбар имомро муаррифӣ мекунад. Бинобар ин, ҳеҷ фард ё гурўҳе ҳаққи дахолат дар ин амрро надоранд.
Зарурати насбу таъйини имом аз сўи Худованд далелҳое дорад аз ҷумла:
1-Ба фармудаи Қуръони Карим ҳокими мутлақ бар ҳамаи чиз Худованд аст ва ҳама бояд танҳо аз ў итоат кунанд. Бадеҳӣ ва равшан аст ин ҳокимият метавонад аз сўи Худованд ба ҳар касе –мутобиқи шоистагӣ ва маслиҳат- дода шавад. Бинобар ин ҳамон гуна, ки паёмбар ба василаи Худо интихоб мешавад, имом низ бо таъйини илоҳӣ бар мардум вилоят меёбад.
2-Пеш аз ин барои имом вижагиҳое монанди исмат ва илм ва ...ро баён кардем. Равшан аст, ки ёфтан ва шинохтани касе, ки дорои ин сифатҳо –он ҳам дар олитарин дараҷа- бошад танҳо ба василаи Худованд, ки доно ба ошкору пинҳони инсонҳо мебошад, имконпазир аст. Ҳамон гуна, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим ба ҳазрати Иброҳим саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
"إني جاعلك للناس اماما".
“Ман туро имоми мардум қарор додам.”
Баёне ҷомеъ ва зебо
Дар поёни ин гуфтор муносиб аст, ки бахше аз баёни зебои пешвои ҳаштум ҳазрати Имом Ризо саломуллоҳи алайҳ-ро, ки дар бораи мақоми имом ва вижагиҳои он аст биоварем:
“Онҳо (ки дар амри имомат ихтилоф карданд ва гумон карданд, ки имомат амри интихобӣ аст) нодонӣ карданд... магар мардум мақому манзалати имоматро дар миёни уммат медонанд то раво бошад, ки ба ихтиёр ва интихоби онҳо вогузор шавад?!
Ҳамоно имом қадраш волотар ва шаънаш бузургтар ва манзалаташ олитар ва маконаш рафиътар ва умқаш жарфтар аз он аст, ки мардум бо ақли худ ба он бирасанд ё бо орои худ онро дарёбанд ва интихоб кунанд...
Ҳамоно имомат мақоме аст, ки Худованди Мутаол баъд аз рутбаи набувват ва хуллат (мақоми халили илоҳӣ шудан) дар мартабаи севвум ба Иброҳим саломуллоҳи алайҳ ихтисос дод... имомат хилофати Худо ва хилофати Расули Худо ва мақоми Амиралмўъминин ва мироси Ҳасану Ҳусайн саломуллоҳи алайҳим аст. Ба ростӣ, ки имомат, раҳбарӣ ва идораи дин ва мояи низоми муслимин ва салоҳи дунё ва иззати мўъминон аст... комил шудани намоз, рўза, ҳаҷ ва ҷиҳод ва ... ва ҳифзи марзҳо ба сабаби имом (ва пазируфтани вилоят) аст.
Имом ҳалоли Худоро ҳалол ва ҳароми ўро ҳаром мекунад (ва мутобиқи ҳукми воқеии Парвардигор ҳукм мекунад) ва ҳудуди илоҳиро бар по медорад ва аз дини Худо ҳимоят карда ва бо ҳикмату мавъизаи некў ва далели расо ба роҳи Парвардигор даъват мекунад.
Имом монанди хуршеди тулўъкунанда аст, ки нураш оламро фаро мегирад ва худаш дар уфуқ аст ба гунае, ки дастҳо ва дидагон ба он нарасад. Имом моҳи тобон, чароғи фурўзон, нури дурахшон ва ситораи роҳнамо дар шиддати торикиҳо ва дар роҳҳои шаҳрҳо ва биёбонҳои бе обу гиёҳ ва дар гирдоби дарёҳо (ва наҷотдиҳанда аз фитнаҳо ва нодониҳои гуногун) аст...
Имом аниси ҳамроҳ ва падари меҳрубон ва бародари танӣ ва модари некўкор ба фарзанди кўчак ва паноҳгоҳи бандагони Худо дар мусибатҳои бузург аст. Имом касе аст, ки аз гуноҳон пок ва аз айбҳо бар канор аст. Ў ба дониш махсус ва ба худдорӣ ва ҳилму бурдборӣ нишонадор аст... Имом ягонаи рўзгори худ аст ва касе ба соҳати ў наздик намешавад ва ҳеҷ донишманде бо ў баробар намешавад...
Пас кист, ки битавонад имомро бишносад ва ё интихоби имом барои ў мумкин бошад?! Ҳайҳот, ҳойҳот! Дар ин ҷо хирадҳо гум гашта ва ақлҳо саргардону ҳайрон шудааст. Дар ин ҷо дидаҳо бе нур, бузургон кўчак, ҳакимон мутаҳаййир... ва сухандонон дармондаанд аз ин ки битавонанд яке аз шаънҳо ё фазилатҳои имомро тавсиф кунанд ва онҳо ҳамагӣ ба аҷзу нотавонӣ эътироф мекунанд!!... (Санади ин ҳадис хуб ва ҳасан гуфта шудааст.)
https://ayandehroshan.ir/vdcebz8nijh8n.9bj.html
ارسال نظر
نام شما
آدرس ايميل شما