تاریخ انتشاريکشنبه ۱۱ مهر ۱۳۸۹ ساعت ۱۴:۳۶
کد مطلب : ۵۵۲
۰
plusresetminus
...
Имомат
Пас аз реҳлати Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муҳимтарин баҳсе, ки дар ҷомеаи навпои исломӣ матраҳ шуд мавзўи хилофат ва ҷонишинии Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд. Гурўҳе бар асоси орои баъзе аз бузургони саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хилофати Абўбакрро қабул карданд ва гурўҳи дигар мўътақид буданд, ки ҷонишини Паёмбар бинобар таъйини он ҳазрат Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ аст. Дар замонҳои баъд дастаи аввал ба “Омма” (аҳли суннат ва ҷамоат) ва гурўҳи дуввум ба “Хосса” (шиа ва ташайюъ) маъруф гардиданд.
Матлаби қобили таваҷҷўҳ ин аст, ки ихтилофи шиа ва суннӣ танҳо дар шахси ҷонишини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нест, балки дар дидгоҳи ҳар як “имом” маъно ва мафҳум ва ҷойгоҳи махсусе дорад, ки ин ду мазҳабро аз якдигар ҷудо мекунад.
Барои равшан шудани мавзўъ, маънои имом ва имоматро баррасӣ мекунем, то фарқҳо дар дидгоҳҳо ошкор ва равшан гардад.
“Имомат” дар луғат ба маънои пешвоӣ ва раҳбарӣ аст ва “имом” касе аст, ки сарпарастии як гурўҳро дар роҳи мушаххасе ба ўҳда мегирад. Ва дар истилоҳи илми дин, имомат ба таврҳои мухталиф тафсир шудааст.
Ба назари аҳли суннат, имомат ҳокимияти дунявӣ (на мансаби илоҳӣ) аст, ки аз раҳгузари он ҷомеаи муслимин сарпарастӣ ва идора мешавад ва аз он ҷо, ки ҳар ҷамъияте ниёз ба пешво ва бузурге доранд ҷомеаи муслимин низ пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бояд барои худ раҳбаре интихоб кунад ва чун барои ин интихоб роҳу расми махсусеро дин нишон надода аст, пас интихоби ҷонишини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам метавонад аз роҳҳои мухталиф монанди баргашт ба назару орои аксарияти мардум ё бузургони онҳо ё васияти халифаи пешин ва ё ҳатто фиребу ғалабаи низомӣ ва зур бошад, дуруст аст.
Вале шиа, ки имоматро идомаи набувват ва имомро ҳуҷҷати Худо дар миёни халқ ва воситаи файзи ў ба махлуфот медонад мўътақид аст, ки “имом”-ро танҳо Худованд таъйин мекунад, ки аз забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, паёмовари ваҳй муаррифӣ мешавад. Ин эътиқод ба хотири ҷойгоҳи баланди имомат дар тафаккури шиа мебошад, ки имомро танҳо сарпараст ва раҳбари ҷомеаи муслимин, ки баёнкунандаи аҳкоми илоҳӣ ва муфассири Қуръони Карим ва раҳнамои роҳи саодат медонад. Ба баёни дигар дар фарҳанги шиа, имом, марҷаи умури мардум дар ду бахши дин ва дунё мебошад на он гуна, ки аҳли суннат эътиқод доранд, ки танҳо вазифаи халифа, ҳукуматдорӣ ва идораи дунёи мардум бошад.
Ниёз ба имом 
Пас аз равшан шудани дидгоҳҳо, муносиб аст ба ин савол ҷавоб диҳем, ки бо вуҷуди Қуръон ва суннати Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам чӣ ниёзе ба имом ва раҳбари динӣ -он гуна, ки шиа мўътақид аст- вуҷуд дорад?
Барои зарурати вуҷуди имом, далелҳои фаровоне баён шуда аст, вале мо танҳо ба як баёни содда басанда мекунем:
Ҳамон далеле, ки ниёз ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро баён мекунад, баёнгари ниёзи мардум ба “имом” низ аст. Чун аз тарафе, Ислом охирин дин ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам охирин паёмбари Худост, бинобар ин Ислом бояд ҷавобгўи тамоми ниёзҳои башар то рўзи қиёмат бошад. Аз сўи дигар Қуръони Карим, усул ва куллиёти аҳком ва маорифи илоҳиро баён карда аст ва баёну тавзеҳи он ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам вогузор шудааст. Вале равшан аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба унвони раҳбари муслимин мутобиқи ниёзҳо ва зарфияту бардошти ҷомеаи исломии замони худ ба баёни оёти илоҳӣ пардохта аст ва лозим аст барои ў ҷонишинони лоиқе бошанд, ки монанди ў ба дарёи бекарони илми Худо муттасил бошанд, то он чиро, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам баён нафармуда аст, баён кунанд ва ниёзҳои ҷомеаи муслиминро дар ҳар замон посух диҳанд.
Ҳам чунин имомон саломуллоҳи алайҳим нигаҳбони мироси ба ҷо монда аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва низ баёнкунанда ва муфассири ҳақиқии Қуръони Карим ҳастанд, то дини Худо дастхуши таҳрифи ғаразварзон ва душманон қарор нагирад ва ин сарчашмаи зулол то рўзи қиёмат поку покиза боқӣ бимонад.
Ба илова “имом” ба унвони инсони комил, улгуи ҷомеъ ва комиле дар ҳамаи абъоду намунаҳои инсонӣ аст ва башар ниёзи ҷиддӣ ба чунин намунае дорад, ки бо дастгирӣ ва ҳидояти ў он гуна, ки лоиқи камоли инсонии ўст тарбият шавад ва дар сояи раҳнамоиҳои ин тарбиятгари осмонӣ аз гумроҳиҳо ва домҳои нафси саркаш ва шайтонҳои берунӣ маҳфуз монад.
Аз матолиби боло равшан шуд, ки ниёзи мардум ба имом як ниёзи ҳаётӣ аст ва баъзе аз вазифаҳои имом ба шарҳи зер мебошад:
-Раҳбарӣ ва идораи умури ҷомеа (ташкили ҳукумат)
-Ҳифзи дин ва оини Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз таҳриф ва баёни саҳеҳи Қуръон
-Тазкия ва поксозии нафсҳо ва ҳидояти маънавии мардум.
https://ayandehroshan.ir/vdcfi0dtaw6dt.giw.html
ارسال نظر
نام شما
آدرس ايميل شما