تاریخ انتشاريکشنبه ۱۱ مهر ۱۳۸۹ ساعت ۱۴:۲۱
کد مطلب : ۵۴۳
۰
plusresetminus
...
Тўли умр
Аз баҳсҳои марбут ба Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ тўли умри он ҳазрат аст. Барои баъзеҳо ин савол матраҳ аст, ки чӣ гуна мумкин аст инсоне умри чунин тўлоние дошта бошад?! (Акнун дар соли 1425 ҳиҷрӣ қамарӣ (2004) ҳастем ва бо таваҷҷўҳ ба ин ки таваллуди имоми Замон саломуллоҳи алайҳ дар соли 255 ҳиҷрӣ қамарӣ воқеъ шуда аст пешвои мо ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳам акнун 1170 сол дорад.)
Сарчашмаи ин савол ва сабаби матраҳ кардани он ин аст, ки он чӣ дар ҷаҳони имрўз, маъмул ва мутадовил аст умрҳои маҳдуде аст, ки ҳадди аксар байни 80 то 100 сол тўл мекашад (Албатта ҳам акнун умрҳои болои сад сол низ ёфт мешавад, ки ба нисбат бисёр кам аст.) ва баъзеҳо бо дидану шунидани ин гуна умрҳо, наметавонанд як умри тўлониро бовар кунанд ва онро дур ва номумкин мешуморанд. Вагарна умри тўлонӣ аз назари ақл ва дониши имрўзи башарӣ амри ғайри мумкин нест ва донишмандон бо мутолиаи аҷзои бадан ба ин ҳақиқат расидаанд, ки мумкин аст инсон солҳои бисёр тўлонӣ зинда бимонад ва ҳатто гирифтори пирӣ ва фарсудагӣ ҳам нашавад.
Бернорд Шов мегўяд:
“Аз усули амалии мавриди қабули ҳамаи донишмандони Бюлежик ин аст, ки барои умри башар наметавон ҳадде таъйин кард ва ҳатто дерзистӣ (дароз умрӣ) низ масъалаи марзу миқдор нопазир аст.”
Прафессор “Утингар” менависад:
“Ба назари ман бо пешрафти текникҳо ва коре, ки мо сар кардаем башари қарни 21-ум хоҳад тавонист ҳазорон сол умр кунад.”
Бинобар ин кўшишҳои донишмандон, барои дастёбӣ ба роҳҳои ғалаба бар пирӣ ва расидан ба дароз умрӣ, нишонгари имкони чунин чизе аст чунон, ки дар ин роҳ гомҳои муваффақият омезе бардошта шуда аст ва ҳам акнун дар гўшаву канори дунё кам нестанд касоне, ки бар асари шароити муносиби обу ҳаво ва истифода аз таомҳои муносиб ва фаъолияти муносиби баданӣ ва фикрӣ ва сабабҳои дигар, умре наздик ба саду панҷоҳ сол ва гоҳе бештар аз он доранд. (Имрўз дар соли 2005 милодӣ дар Арабистони Саудӣ марди 125 солае, ки то ин замон издивоҷ накардааст дар 125 солагӣ бо духтари ҷавоне издивоҷ кардааст ва назири фаровони дигар, ки аз Чиниҳо дар ахбор шунида мешавад) Муҳимтар ин ки умри тўлонӣ дар гузаштаи таърихи инсонҳо борҳо таҷриба шуда аст ва дар китобҳои осмонӣ ва таърихӣ, инсонҳои зиёде бо ному нишон ва шарҳи ҳол ёд шудаанд, ки муддати умри онҳо бисёр тўлонитар аз умри башари имрўз будааст.
Дар ин мавзўъ китобҳо ва мақолаҳои гуногуне навишта шуда аст, ки барои намуна чанд мавридро баён мекунем:
1-Дар Қуръон ояте аст, ки на танҳо умри тўлонӣ, балки аз имкони умри ҷовидонӣ хабар медиҳад ва он оят дар мавриди ҳазрати Юнус саломуллоҳи алайҳ аст, ки мефармояд:
"Агар (Юнус саломуллоҳи алайҳ) дар шиками моҳӣ тасбеҳ намегуфт то рўзи қиёмат дар шиками моҳӣ боқӣ мемонд.”
Бинобар ин ояти шарифа умри тўлонӣ (аз замони ҳазрати Юнус то рўзи қиёмат, ки дар истилоҳи зист шиносон умри ҷовидон номида мешавад, барои инсон ва моҳӣ аз назари Қуръони Карим имконпазир аст. (Хушбахтона кашфи моҳии 400 милюн сола дар савоҳили Модогаскар имкони чунин умреро барои моҳӣ айнӣ кард. Кайҳон шумораи 6413, 22-8 соли 1343.

2-Қуръони Карим дар мавриди ҳазрати Нўҳ саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“Ба ростӣ мо Нўҳро ба сўи қавмаш фиристодем, пас 950 сол дар миёни онҳо боқӣ монд.”
Он чӣ дар ояти шарифа омада аст муддати паёмбарии он ҳазрат аст ва бар асоси баъзе аз ривоёт (аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) муддати умри он бузургвор 2450 сол будааст. (Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад).
Ҷолиб ин ки дар ҳадисе аз Имом Саҷҷод саломуллоҳи алайҳ нақл шуда аст, ки фармуд:
“Дар Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ суннат ва шивае аз Нўҳ саломуллоҳи алайҳ аст ва он тўли умр мебошад.”
3-Ва низ дар мавриди ҳазрати Исо саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“...Ва ҳаргиз ўро накуштанд ва ба дор наовехтанд, балки кор ба онҳо муштабаҳ шуд... Яқинан ўро накуштанд, балки Худованд ўро ба сўи худ боло бурд, ки Худованд тавоно ва фарзона аст.”
Ҳамаи мусулмонон ба истиноди Қуръон ва ривоёти фаровон эътиқод доранд, ки ҳазрати Исо саломуллоҳи алайҳ зинда аст ва дар осмонҳост ва ҳангоми зуҳури ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ фуруд омада ва он ҳазратро ёрӣ хоҳад кард.
Имоми Боқир саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“Дар соҳиби ин амр (ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) чаҳор суннат аз чаҳор паёмбарон аст... Ва аз Исо саломуллоҳи алайҳ суннате дорад ва он ин ки: (Дар бораи Маҳдӣ низ) мегўянд: У мурда аст дар ҳоле, ки ў зинда хоҳад буд.” (Санади ин ҳадис саҳеҳ аст).
Илова бар Қуръон дар Таврот ва Инҷил низ сухан аз дароз умрон матраҳ шуда аст.
Дар Таврот омада аст, ки:
“...Тамоми рўзҳои Одам, ки зиндагӣ кард 930 сол буд, ки мурд... ҷумлаи рўзҳои Анваш 950 сол буда аст, ки мурда... ва тамоми рўзҳои Қинон низ 950 сол буд, ки мурд ...ва рўзҳои Матушолеҳ 969 сол буд, ки мурд...”
Бинобар ин Таврот бо равшанӣ ба вуҷуди афроде бо доштани умрҳои тўлонӣ (беш аз 900 сол) эътироф мекунад.
Дар Инҷил низ иборатҳое мавҷуд аст, ки нишонгари он аст, ки ҳазрати Исо саломуллоҳи алайҳ пас аз ба дор кашида шудан зинда шуда ва ба осмон боло рафта аст. Ва дар рўзгоре фуруд хоҳад омад ва мусаллам аст, ки умри он бузургвор аз ду ҳазор сол бештар аст.
Бо ин баён равшан мешавад, ки пайравони ду оини яҳудият ва масеҳият, ба сабаби эътиқод ба китоби муқаддас ба умрҳои тўлонӣ низ эътиқод доранд.
Гузашта аз ин ки тўли умр аз назари илм ва ақл пазируфтанӣ аст ва дар таърихи гузашта низ мавориди бисёре дорад дар миқёси қудрати бе ниҳояти Худованди Мутаол низ қобили исбот аст. Ба эътиқоди пайравони ҳамаи адёни осмонӣ тамоми зарраҳои олам дар ихтиёри Худованд аст ва таъсири ҳамаи сабабҳо ва иллатҳо ба иродаи ў вобастагӣ дорад ва агар ў нахоҳад сабабҳо аз асар гузорӣ боз мемонанд ва низ бе сабаб ва иллати табии Худованд ба вуҷуд меоварад ва меофаринад.
Ў Худое аст, ки аз дили кўҳ шутур берун меоварад ва оташи сўзандаро барои Иброҳим саломуллоҳи алайҳ хунук ва саломат месозад ва дарёро барои Мўсо ва пайравонаш хушк мекунад ва онҳоро аз миёни ду девори обӣ убур медиҳад! (Инҳо воқеиёте аст, ки дар Қуръони Карим зикр шуда аст. Сураи Анбиё ояти 69, сураи Шуаро ояти 63.) Оё аз ин ки ба усораи анбиё ва авлиё ва охирин захираи илоҳӣ ва ниҳояти орзу ва умедҳои ҳамаи некону хубон ва таҳаққуқбахши ваъдаи бузурги Қуръонро умри тўлонӣ бидиҳад, нотавон хоҳад буд?!
Имом Ҳасани Муҷтабо саломуллоҳи алайҳ фармуда аст:
“Худованд умри Ўро (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ-ро) дар даврони ғайбаташ тўлонӣ мегардонад, сипас ба қудрати Худоии худ ўро ба симои ҷавоне зери чиҳил сол ошкор месозад, то мардумон дарёбанд, ки Худованд ба ҳар коре тавоност.”
Бинобар ин достони тўли умри Имоми дувоздаҳум ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз абъоду намунаҳои мухталифи ақлӣ ва илмӣ ва таърихӣ амри мумкин ва пазируфтанӣ аст ва қабл аз ҳамаи инҳо аз ҷилваҳои иродаи Худованди бузург ва тавоност.


Бахши шашум: Интизори сабз
Вақте абрҳои тира чеҳраи хуршедро пўшонда ва дўcту душман аз даст бўсии офтоб маҳрум гардида ва сабзаву гул аз дурии меҳри оламтоб пажмурда аст чора чист? Замоне, ки усораи офариниш ва хулосаи хубиҳо ва оинаи зебоиҳо рух дар ниқоби ғайбат кашида ва ҷаҳониён аз файзи вуҷуди Ў бе насиб мондаанд чӣ метавон гуфт?
Гулҳои боғ чашм ба роҳ дўхтаанд, то сояи боғбони меҳрубонро бар сари худ бубинанд ва аз дастони пур меҳри Ў оби ҳаёт бинўшанд. Ва дилҳои муштоқ бе тоби чашмҳои Ўянд, то инояти шўр офарини Ўро ламс кунанд ва ин ҷост, ки интизор шакл мегирад. Оре, ҳама мунтазиранд, то ў биёяд ва сабзӣ ва нишотро ба ҳамагон бубахшад.
Ба ростӣ интизор чӣ зебо ва ширин аст, агар зебоии он дар назар ояд ва ширинии он дар коми дил, чашида шавад.
Ҳақиқати интизор ва ҷойгоҳи ҳақиқии он
Барои “интизор” маъноҳои гуногуне гуфтаанд, вале бо диққат ва таҳаммул дар ин калима метавон ба ҳақиқати он пай бурд. Интизор чашм ба роҳ будан аст ва ин чашм ба роҳӣ ба муносибати бистар ва заминаи он арзиш пайдо мекунад ва осору паёмадҳое дорад. Интизор, танҳо як ҳолати рўҳӣ ва дарунӣ нест, балки аз дарун ба берун мегараваду мегузарад ва ҳаракату иқдомро ба вуҷуд меоварад. Ба ҳамин далел аст, ки дар ривоёт интизор ба унвони як амал ва балки беҳтарини амалҳо муаррифӣ шуда аст. Интизор ба шахси мунтазир шакл медиҳад ва барои корҳо ва кўшишҳои ў ҷиҳат ва роҳи махсусеро ба вуҷуд меоварад ва он ҷиҳат роҳе аст, ки ба таҳаққуқи он чӣ дар интизори он аст, анҷом мегирад.
Бинобар ин интизор бо нишастан ва даст рўи даст гузоштан созгорӣ надорад. Интизор бо чашм ба дар дўхтан ва бо ҳасрат хўрдан тамом намешавад, балки интизор дар ҳақиқат ҳаракат ва офариниши шўру нишоти нуҳуфта мебошад. Касе, ки дар интизори меҳмони азизе аст сар аз по намешиносад ва дар саъю кўшиш аст, то худ ва муҳити атрофи худро барои омадани меҳмон омода кунад ва чизҳоеро, ки монеи омадани ў мешавад, бартараф кунад.
Сухан дар бораи интизор рўйдоди бе назире аст, ки дар зебоӣ ва камол, охир ва поён надорад. Интизори рўзгоре аст, ки дар сабзӣ ва хуррамӣ дар тамомии рўзгорони гузашта монанде надошта аст ва ҷаҳон чунин даврони зебоеро ҳаргиз таҷриба накардаву надида аст. Ин ҳамон интизори ҳукумати ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аст, ки дар ривоёт аз он ба “Интизори фараҷ” ёд шуда аст ва онро аз беҳтарини амалҳо ва ибодатҳо, балки пуштивонаи қабулии ҳамаи амалҳо шумурда аст.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
“Беҳтарини аъмоли умматам интизори фараҷ аст.”
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ ба ёрони худ фармуд:
“Оё шуморо аз чизе огоҳ накунам, ки Худованд бидуни он ҳеҷ амалеро аз бандагонаш қабул намекунад? Гуфтанд: Бифармоед. Фармуд: Гувоҳӣ ба ягонагии Худо ва набуввати Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва иқрор ба он чӣ Худо амр фармуда ва вилояти мо ва безорӣ аз душманони мо ва таслим шудан дар баробари онҳо (имомон) ва парҳезкорӣ ва худдорӣ ва интизорӣ Қоим саломуллоҳи алайҳ.”
Бинобар ин интизори фараҷ интизоре аст, ки вижагиҳои махсуси ба он ҳазратро дорад, ки лозим аст ба хубӣ дониста шавад, то рамзу рози он ҳама фазилат ва осоре, ки барои он хоҳем шумурд ошкор гардад.
https://ayandehroshan.ir/vdcfimdtaw6dj.giw.html
ارسال نظر
نام شما
آدرس ايميل شما