Садҳо сол аст, ки ҷомеаи башарӣ аз файзи зуҳури ҳуҷҷати Худо маҳрум гардида ва уммати исломӣ аз дарки маҳзари раҳбари осмонӣ ва пешвои маъсум, бе баҳра монда аст. Ба ростӣ вуҷуди он ҳазрат дар ғайбат ва зиндагии эшон дар пинҳонӣ ва дур аз дастрасии ҳамагон чӣ осоре барои ҷаҳон ва ҷаҳониён дорад? Оё намешуд дар наздикиҳои даврони зуҳур таваллуд шавад ва шоҳиди рўзгори сахти ғайбати худ аз шиаён набошад?Ин савол ва саволҳои монанди он ба хотири шинохт надоштан нисбат ба ҷойгоҳи имом ва ҳуҷҷати илоҳӣ сарчашма мегирад.Ба ростӣ ҷойгоҳи имом дар маҷмўаи ҳастӣ чӣ гуна аст? Оё ҳамаи осори вуҷудии ў ба ошкор будани ў вобаста аст? Оё имом танҳо барои раҳбарӣ ва пешвоии мардумон аст ё вуҷуди ў барои ҳамаи мавҷудот дорои асар ва баракат аст?Имом меҳвари ҳастӣ Аз назари шиа ва бар асоси таълимоти динӣ, имом воситаи файз расони Парвардигор ба ҳамаи падидаҳои ҷаҳони офариниш аст. Ў дар низоми офариниш меҳвар ва мадор аст ва бе вуҷуди Ў олам ва одам, ҷинну малак ва ҳайвон ва ҷумодӣ боқӣ намемонад.Аз Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ савол шуд, ки оё замин холӣ аз имом боқӣ мемонад? Ҳазрат фармуд: لو بقيت الأرض بغير إمام لساخت. “Агар замин холӣ аз имом бимонад ҳатман фурў меравад.” Ин ки ў дар расонидани паёмҳои Худо ба мардум ва роҳнамоии онҳо ба сўи камоли инсонӣ, восита аст ва ҳар файз ва лутфе дар ин бахш ба сабаби вуҷуди ў ба ҳамагон мерасад, амри равшан ва бадеҳӣ аст. Чун аз аввал Худованди Мутаол аз тариқи паёмбарон ва сипас ҷонишинони онҳо қофилаи башариро ҳидоят кардааст. Вале аз суханони маъсумин саломуллоҳи алайҳим истифода мешавад, ки вуҷуди имомон дар густараи олам ба унвони воситае барои расидани ҳар неъмат ва файзе аз ҷониби Парвардигор ба ҳар мавҷуди кўчак ва бузурге аст. Ба баёни ошкортар ҳамаи мавҷудот, он чӣ аз файзу атоёи илоҳӣ дарёфт мекунанд аз коноли имом мегиранд. Ҳам асли вуҷудашон ба воситаи имом аст ва ҳам неъматҳо ва баҳраҳои дигаре, ки дар тўли ҳаёти худ доро ҳастанд. (Ёдовар мешавем, ин ки авлиёи Худо сабаби дар амон мондани замин ва аҳлаш ҳастанд як эътиқоди саҳеҳи исломӣ мебошад, ки аҳли суннат низ бар он эътироф кардаанд. Ба унвони намуна Суфён ибни Уяйна, ки аз бузургони қарни дуввуми аҳли суннат ва аз асотиди Имом Шофеӣ ва Ҳумайдӣ ва Аҳмад ибни Ҳанбал буда, дар бораи Маъруфи Карахӣ, ки ходими Имом Ризо алайҳис-салом буда ва бо дасти мубораки он ҳазрат мусулмон шуда, ба аҳли Бағдод мегўяд: Аҳли он шаҳр бар хайр хоҳанд буд модоме, ки Маъруфи Карахӣ дар байни онҳо бошад. Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.9.с.339. шарҳи ҳоли 111. Шарҳи ҳоли Суфён: Заҳабӣ мегўяд: Имоми бузург, ҳофизи асраш, шайхул Ислом мутаваллиди соли 107. Имом Шофеӣ дар ҳаққи ў гуфтааст, ки: Агар Молик ва Суфён набуданд ҳатман илми Ҳиҷоз аз байн рафта буд. Боз Шофеӣ гуфта аст: Ҳамаи аҳодиси аҳкомро дар назди Суфён ёфтам, ғайр аз шаш ҳадис. Суфён мутлақан ҳуҷҷат аст. Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.8.с.458. р.120Дар фарозе аз зиёрати ҷомеаи кабира, ки як давра имом шиносӣ аст, ин гуна омадааст:"بكم فتح الله وبكم يختم وبكم ينزل الغيث وبكم يمسك السماء ان تقع على الارض الا باذنه".“(Эй имомони бузург) Худованд ба сабаби шумо (оламро) оғоз кард ва ба сабаби шумо (низ онро) поён медиҳад ва ба сабаби вуҷуди шумо боронро фурў мефиристад ва ба баракати вуҷуди шумо осмонро нигаҳ дошта аст аз ин ки бар замин фурў ояд, магар ба ирода Ў.” Бинобар ин осор, вуҷуди имом танҳо ба зуҳур ва ошкори ў хулоса намешавад, балки вуҷуди ў дар олам –ҳатто дар ғайбат ва пинҳонзистӣ- сарчашмаи ҳаёти ҳамаи мавҷудот ва махлуқоти илоҳӣ аст ва Худо худ ин гуна хоста аст, ки Ў ки мавҷуди бартар ва комилтар аст воситаи дарёфт ва расондани фуюзот ва додаҳои илоҳӣ ба дигар падидаҳо бошад ва дар ин маврид фарқе байни ғайбат ва зуҳури он ҳазрат нест. Оре, ҳамагон аз осори вуҷуди имом баҳра мегиранд ва ғайбати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар ин ҷиҳат халале ворид намекунад. Ҷолиб ин ки вақте аз Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз чигунагии баҳрамандӣ аз он ҳазрат дар замони ғайбат савол мешавад мефармояд:"واما وجه انتفاع بي في غيبتي فكالانتفاع بالشمس اذا غيبتها عن الابصار السحاب".“Баҳрамандӣ аз ман дар рўзгори ғайбатам, монанди суд бурдан аз хуршед аст он гоҳ, ки ба василаи абрҳо аз чашмҳо пўшида (пинҳон) аст.” (санади ин ҳадис ҳасан (хуб) аст).Ташбеҳи Имом ба офтоб ва ташбеҳи ғайбати он ҳазрат ба қарор гирифтани хуршед дар паси абр, нуктаҳои фаровоне дорад, ки ба баъзе аз онҳо ишора мешавад:Хуршед дар манзумаи шамсӣ марказият дорад ва куррот ва сайёраҳо ба даври ў ҳаракат мекунанд чунон, ки вуҷуди мубораки Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ маркази низоми ҳастӣ аст."ببقائه بقية الدنيا وبيمنه رزق الورى وبوجوده ثبتت الارض والسماء".“Ба сабаби будани ў дунё боқӣ аст ва ба баракати вуҷуди ў олам рўзӣ мехўранд ва ба хотири вуҷуди ў замину осмон собит монда аст.” Офтоб лаҳзае аз нурафшонӣ дареғ намекунад ва ҳар кас ба андозаи робитае, ки бо хуршед дорад аз нури он баҳра мегирад. Чунон, ки вуҷуди Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ воситаи дарёфти ҳамаи неъматҳои моддӣ ва маънавӣ аст, ки аз тарафи Парвардигори ҷаҳон ба бандагон мерасад, вале ҳар касе ба андозаи робитаи худ бо он манбаи камолот, баҳраманд мешавад.Агар ин офтоб пушти абр ҳам набошад, шиддати гармӣ ва торикӣ заминро ғайри қобили сукунат хоҳад кард. Чунон, ки агар олам аз вуҷуди Имом –гарчӣ дар пушти пардаи ғайбат- маҳрум бимонад сахтиҳо ва нобасомониҳо ва ҳуҷуми балоҳои гуногун идомаи зиндагиро ғайри мумкин месозад.Он ҳазрат дар номае ба Шайх Муфид хитоб ба шиаёни худ мефармояд:"انا غير مهملين لمراجعاتكم ولا ناسين لذكركم ولولا ذلك لنزل بكم اللّأواء واصطلمكم الاعداء".“Мо ҳаргиз шуморо ба ҳоли худ раҳо накардаем ва ҳаргиз шуморо аз ёд набурдаем ва агар набуд иноятҳои ҳамешагии мо, ҳатман сахтиҳо ва балоҳои фаровоне ба шумо мерасид ва душманон шуморо нобуд мекарданд.” Бинобар ин офтоби вуҷуди Имом саломуллоҳи алайҳ ба олами вуҷуд метобад ва ба ҳамаи ҳастӣ файз мерасонад ва дар ин миён барои башарият ва ба хусус ҷомеаи муслимин ва уммати шиа ва мўътақидони ба он ҳазрат, баракоту хайроти бештаре дорад, ки ба намунаҳое аз он мепардозем:УмедбахшӣАз сармояҳои муҳимми зиндагӣ умед аст. Умед сабаби ҳаёт ва нишот ва шукўфоӣ аст. Умеди амалкунанда ҳаракат ва иқдом аст. Вуҷуди имом дар олам, мўҷиби умед ба ояндаи равшан ва саросар шўру иштиёқ аст. Шиа ҳамеша ва дар тўли таърихи ҳазору чаҳорсад сола ба балоҳо ва сахтиҳои гуногун гирифтор шуда аст ва он чӣ ба унвони нерўи бузург ва пуштивонаи устувор, ўро ба истидогӣ ва таслим нашудан ва ҳаракат ва талош водошта аст, умед ба ояндаи сабзи мўъминин ва динбоварон будааст. Ояндае, ки хаёлӣ ва афсонаӣ нест, ояндае, ки наздик аст ва метавонад наздиктар бошад. Чун он касе, ки бояд раҳбарии қиёмро ба ўҳда бигирад зинда ҳасту ва ҳар лаҳза по бар рикоб. Ва ин ман ва ту ва мо ҳастем, ки бояд омода бошем.Пойдории мактаб Дар ҷомеае барои ҳифзи ташкилоти худ ва идомаи роҳ то расидан ба мақсади мавриди назар ниёз ба вуҷуди раҳбари огоҳ дорад, то ҷомеа зери назар ва фармодеҳии Ў дар роҳи саҳеҳ ҳаракат кунад. Вуҷуди раҳбар пуштивонаи бузурге барои афрод аст, то дар як созмондеҳии муназзам дастовардаҳои қаблиро ҳифз кунанд ва ба тақвияти барномаҳои оянда ҳиммат гузоранд. Раҳбари зинда ва фаъол гарчӣ дар миёни ҷамъият ва афроди худ набошад ҳам аз тарсими хутути аслӣ ва нишон додани роҳкорҳои куллӣ, кўтоҳӣ намекунад ва ба воситаҳои гуногун нисбат ба роҳҳои инҳирофи гумроҳ кунанда, ҳушдор медиҳад.Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ гарчӣ дар ғайбат аст, вуле вуҷуди он ҳазрат сабаби ҷиддӣ барои ҳифзи мактаби шиа мебошад. Ў бо огоҳии комил аз нақшаҳои душманон ба равишҳои мухталиф, марзҳои фикрии шиаёнро посдорӣ мекунад ва он гоҳ, ки душмани фиребкор бо василаҳо ва абзорҳои гуногун, усули мактаб ва эътиқодоти мардумро ҳадаф мегирад, бо ҳидоят ва иршоди олимон ва баргузидагон, роҳҳои нуфузи душманро мебандад.Барои намуна инояти ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба шиаёни Баҳрайнро аз забони Алломаи Маҷлисӣ мешунавем:“Дар рўзгори гузашта фармондеҳе, ки носибӣ (душмани Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим) буд бар Баҳрайн ҳукумат мекард, ки вазираш дар душманӣ бо шиаён аз ў низ пешӣ гирифта буд. Рўзе вазир бар фармондеҳ ворид шуд ва анореро ба дасти ў дод, ки ба сурати табиӣ ин калимот бар пўсти он нақш баста буд: “Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ ва Абўбакр ва Умар ва Усмон ва Алӣ хулафои Расулуллоҳ”. Фармондеҳ аз дидани он хеле тааҷҷуб кард ва ба вазир гуфт: Ин нишонаи ошкор ва далели нерўманд бар ботил будани мазҳаби шиа аст. Назари ту дар бораи шиаёни Баҳрайн чист? Вазир ҷавоб дод: Ба назари ман, бояд шиаёнро ҳозир кунем ва ин нишонаро ба онҳо ироа диҳем. Агар онро пазируфтанд, ки аз мазҳаби худ даст мекашанд, вагарна онҳоро байни қабул кардани се чиз қарор медиҳем: Ё ҷавоби қонеъ кунанда биоваранд ё ҷизя бидиҳанд ва ё ин ки мардонашонро мекушем ва занону фарзандонашонро асир мекунем ва амволу дороияшонро ба ғанимат мебарем.Фармондеҳ назари ўро пазируфт ва донишмандони шиаро назди худ фаро хонд. Онгоҳ анорро ба онҳо нишон доду гуфт: Агар дар ин бора далели равшане наоваред шуморо мекушам ва занону фарзандонатонро ба асорат медароварам, ё ин ки бояд ҷизя бидиҳед. Донишмандони шиа се рўз аз ў мўҳлат хостанд. Онҳо баъд аз гуфтугўи фаровон ба ин натиҷа расиданд, ки аз миёни худ даҳ нафар аз солеҳин ва парҳезкорони Баҳрайнро интихоб карданд. Онгоҳ аз миёни ин даҳ нафар низ се нафарро интихоб карданд ва ба яке аз он се нафар гуфтанд: Ту имшаб ба саҳро бирав ва ба Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ истиғоса кун ва аз он ҳазрат роҳи раҳоӣ аз ин мусибатро бихоҳ, чун он ҳазрат имом ва соҳиби мост. (Мо дар китоби “Тавассул ва истиғоса” достони истиғосаи Аҳмад ибни Ҳанбал ва Табаронӣ ва дигаронро, ки баъд ва гирифторӣ ва гум кардани роҳ дар биёбон, ба ғайри Худо ва ба шахси ғоиб истиғоса намудаанд, зикр кардем, ки барои ошноӣ метавон ба он китоб муроҷиат кард.)Он мард чунин кард, вале муваффақ ба зиёрати он ҳазрат нашуд. Шаби дуввум низ нафари дуввумро фиристоданд, вале ў низ ҷавобе дарёфт накард. Шаби севвум нафари севвумро, ки Муҳаммад ибни Исо ном дошт фиристоданд. Ў ба саҳро рафт ва бо гиряву зорӣ аз ҳазрат дархости кўмак намуд. Чун охири шаб шуд шунид, ки марде хитоб ба ў мегўяд: Эй Муҳаммад ибни Исо! Чаро туро ба ин ҳол мебинам ва чаро ба сўи биёбон берун омадаӣ? Муҳаммад ибни Исо аз он мард хост, ки ўро ба ҳоли худ вогузорад. Ў гуфт: Эй Муҳаммад ибни Исо! Манам Соҳиби Замон ҳоҷататро бигў! Муҳаммад ибни Исо гуфт: Агар ту Имоми Замон ҳастӣ достони маро медонӣ ва ба гуфтани ман ниёзе нест. Фармуд: Рост мегўӣ. Ту ба хотири он мусибате, ки бар шумо ворид шуда аст ба ин ҷо омадаӣ. Гуфт: Оре, шумо медонед чӣ бар мо расида аст ва шумо имому паноҳи мо ҳастед. Пас, он ҳазрат фармуд: Эй Муҳаммад ибни Мўсо! Дар хонаи он вазир дарахти аноре аст. Ҳангоме, ки дарахт нав анор оварда буд он вазир аз гилу лой қолибе ба шакли анор сохт. Онро нисф кард ва дар миёни он ин ҷумалотро навишт. Сипас қолибро бар рўи анор, ки кўчак буд гузошт ва онро баст. Чун анор дар миёни он қолиб бузург шуд он калимот бар рўи он анор нақш баст! Фардо ба назди фармондеҳ меравӣ ва ба Ў мегўӣ, ки ман ҷавоби туро дар хонаи вазир медиҳам. Вақте ба хонаи вазир рафтед пеш аз вазир ба фалон утоқ бирав! Кисаи сафеде хоҳӣ ёфт, ки қолиби аз гил (лой) сохтаи ў дар он аст. Онро бар фармондеҳ нишон бидеҳ. Нишонаи дигар ин ки ба фармондеҳ бигў, ки: Мўъҷизаи дигари мо ин аст, ки вақте анорро ду ним кунед ғайр аз дуду хокистар чизе дар он нест!Муҳаммад ибни Исо аз ин суханон бисёр шодмон шуд ва ба назди шиаён баргашт. Рўзи дигар онҳо ба назди фармондеҳ рафтанд ва ҳар он чӣ Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ фармуда буд, ошкор шуд. Фармондеҳи Баҳрайн бо дидани ин мўъҷиза шиа шуд ва дастур дод вазири ҳилагарро ба қатл расонданд.” Худсозӣ Қуръони Карим мефармояд:"وقل اعملوا فسيرى الله عملكم ورسوله والمؤمنون".“(Эй Паёмбар ба мардум) Бигў (ҳар чӣ мехоҳед) амал бикунед, (вале бидонед), ки Худо ва Паёмбар ва мўъминон корҳои шуморо мебинанд.” Дар ривоёт омада аст, ки мақсад аз мўъминон дар ин ояти шарифа имомони маъсум аз хонадони Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд. Бинобар ин, амалҳои мардум аз назари Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ мегузарад ва ба ҳузури он ҳазрат азра мешавад. (Дар кутуби аҳли суннат низ дар ин мавзўъ аҳодиси саҳеҳ ворид шуда, ки мо дар китоби “Тавассул ва истиғоса дар Ислом” ба онҳо ишора кардем).Ва он бузургвор аз паси пардаи ғайбат шоҳиду нозири корҳост. Ин воқеият асари тарбиятии бузурге дорад ва шиаёнро ба ислоҳи корҳои худ водор мекунад ва аз ин ки дар баробари ҳуҷҷати Худо ва имоми хубиҳо ба зиштиҳо ва гуноҳ олуда шаванд, боз медорад. Албатта ба ҳар андоза таваҷҷўҳи инсон ба он маъдани сафо ва покӣ бештар бошад оинаи дил ва ҷонаш сафои бештаре меёбад ва ин равшанӣ ва зулол дар гуфтору кирдори ў ошкортар мегардад.Паноҳгоҳи илмӣ ва фикрӣ Пешвоёни маъсум саломуллоҳи алайҳим муаллимон ва мураббиёни аслии ҷомеа ҳастанд ва мардум ҳамеша аз сарчашмаи зулоли маорифи ноби он бузургворон баҳраҳо бурдаанд. Дар замони ғайбат низ, агар чӣ дастрасии мустақим ва истифодаи ҳамаҷониба аз маҳзари Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ мумкин нест, вале он маъдани илмҳои илоҳӣ аз роҳҳои мухталиф гиреҳ аз мушкилоти илмӣ ва фикрии шиаёнро боз мекунад. Дар давраи ғайбати суғро бисёре аз саволҳои мардум ва олимон ба василаи номаҳои Имом саломуллоҳи алайҳ, ки ба “тавқиот” машҳур аст ҷавоб дода мешуд. Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ дар ҷавоби номаи Исҳоқ ибни Яъқуб ва саволҳои ў навишта аст:“Худованд туро ҳидоят ва собит қадам нигаҳ дорад. Аммо ин ки дар бораи мункирон мо аз хонадон ва амакбаччаҳои мо савол кардӣ бидон, ки байни Худо ва ҳеҷ касе хешовандӣ нест ва касе, ки маро инкор кунад аз ман нест ва оқибати ў ҳамонанди оқибати писари Нўҳ аст...Ва аммо амволатонро то покиза накунед қабул намекунем...Ва аммо амволеро, ки барои мо фиристодӣ ба ин хотир мепазирем, ки покиза аст... Ва касе, ки амволи моро (хумс, панҷ якро, ки ҳаққи Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аст ва он ҳукми Қуръонӣ мебошад ) ҳалол шуморида ва онро бихўрад, ҳатман оташ хўрда аст...Ва чӣ гунагии истифода аз ман монанди баҳрамандӣ аз хуршеди пушти абр аст ва ман амони мардуми рўи замин ҳастам ҳамон гуна, ки ситорагон амони аҳли осмонҳо ҳастанд. (Дар ин маврид низ ҳадиси саҳеҳе дар китобҳои аҳли суннат ворид шуда аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: “Ситораҳо амон ҳастанд барои аҳли замин аз ғарқ шудан ва Аҳли Байтам амон ҳастанд барои умматам аз ихтилоф, пас агар тоифае аз араб бо Аҳли Байтам ихтилоф кунанд (бо он ихтолофашон) ҳизб ва лашкари Шайтон хоҳанд шуд". Ин ҳадис аз Имом Алӣ, Имом Ҳасан, Ибни Аббос, Абўсаид Худрӣ, Ҷобир, Абўмўсо Ашъарӣ, Аёс ибни Салама, Анас, Мункадир ва Салама ибни Акваъ аз он ҳазрат дар китобҳои зер ривоят шуда аст: "Мустадрак"-и Ҳоким ҷ.2.с.448,р.3676.ҷ.3. с.162-517.р.4715-5927. "Муснад”-и Рўёнӣ ҷ.2.с.253-258.р.1152-1165. ”Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ.7.с.22.р.6260. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9. с.174. "Муснад"-и Абўяъло р.34155. "Фазоил-ус-саҳоба"-и Аҳмад ибни Ҳанбал ҷ.2.с.671.р.1145. "Савоиқ-ул-муҳриқа" ҷ.2.саҳ.445-546. "Эҳё-ул-маййит"-и Суютӣ дар ҳошияи "Иттиҳоф" с.114. "Ҷомеъ-ус-сағир"-и Суютӣ ҷ.2.с.680,р.9313. Таърихи Ибни Асокир ҷ.40.с.20. "Ҷавоҳир-ул-ақдайн"-и Самҳудӣ ҷ.2.с.189. "Шавоҳид-ут-танзил" ҷ.1.с.426. ”Канз-ул-уммол" ҷ.12.с.97-101-102,р.34155-34188 то 34190. Ҳоким, Ибни Ҳаҷар ва Суютӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.) Ва аз кор ва чизҳое, ки фоидае бароятон надорад савол накунед ва худро дар омўхтани он чӣ аз шумо нахостаанд ба заҳмату сахтӣ наандозед ва барои зудтар расидани фараҷ (кушоиш, яъне зуҳури он ҳазрат) бисёр дуо кунед, ки он ҳамон фараҷи шумост. Салом бар ту эй Исҳоқ ибни Яъқуб ва салом бар ҳар касе, ки пайрави ҳидоят аст.” (Санади ин ҳадис хуб аст).Баъд аз ғайбати суғро низ борҳо олимони шиа мушкилоти илмӣ ва фикрии худро бо имоми худ матраҳ карда ва ҷавоби онро дарёфт намудаанд.Мир Аллом яке аз шогирдони Муқаддаси Ардабилӣ чунин мегўяд:“Нимашабе дар Наҷафул Ашраф дар саҳни мутаҳҳари ҳарами ҳазрати Алӣ саломуллоҳи алайҳ будам. Ногоҳ шахсеро дидам, ки ба тарафи ҳарам меравад. Ба тарафи ў рафтам, вақте наздик шудам дидам, ки шайх ва устодам Мулло Аҳмад Муқаддаси Ардабилӣ аст. Худро аз ў пинҳон кардам.Наздики ҳарами мутаҳҳар шуд дар ҳоле, ки дар баста буд. Ногоҳ дидам, ки дар кушода шуду дохили ҳарам гардид! Ў пас аз муддати кўтоҳ аз ҳарам берун омад ва ба тарафи Кўфа ҳаракат кард. Аз паи Ў ҳакарат кардам ба гунае, ки Ў маро намедид, то он ки дохили масҷиди Кўфа шуд ва дар назди меҳробе, ки Амиралмўминин саломуллоҳи алайҳ-ро он ҷо зарбат задаанд қарор гирифт ва муддате дар он ҷо монд, сипас баргашт ва аз масҷид хориҷ шуда ба тарафи Наҷаф ҳаракат намуд. Ман ҳамчунон аз паи Ў мегаштам, то он ки ба масҷиди Ҳанона расид, ногоҳ бе ихтиёр сурфаам гирифт, вақте садои маро шунид баргашта нигоҳе ба ман карду маро шинохт. Фармуд: Мир Аллом ҳастӣ? Гуфтам: Оре! Гуфт: Ин ҷо чӣ мекўнӣ? Гуфтам: Аз он замоне, ки дохили ҳарами ҳазрати Алӣ саломуллоҳи алайҳ шудӣ то ба ҳол бо ҳамроҳи шумо ҳастам. Шуморо ба ҳаққи соҳиби ин қабр қасам медиҳам, ки сирри ин воқеаро, ки имшаб аз шумо мушоҳида кардам ба ман хабар диҳед!Фармуд: Ба ин шарт, ки то ман зиндаам онро ба касе нагўӣ! Вақте ба ў ваъда ва итминон додам фармуд: Гоҳе, ки баъзе масъалаҳо бар ман мушкил мешавад барои ҳалли он ба Амиралмўъминин саломуллоҳи алайҳ мутавассил мешавам. Имшаб низ масъалае барои ман мушкил шуд ва дар мавриди он фикр мекардам, ногоҳ ба дилам афтод, ки боз ба назди он ҳазрат биравам ва савол кунам.Вақте ба ҳарами мутаҳҳар расидам чунон, ки дидӣ дари баста бароям кушода шуд, пас дохил шуда ба Худо нолидам, ки ҷавоби онро аз Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ бигирам ногоҳ аз қабри мутаҳҳар нидое шунидам, ки фармуд: Ба масҷиди Кўфа бирав ва аз Қоим саломуллоҳи алайҳ савол кун, чун ки ў Имоми Замони туст. Пас ба назди меҳроби масҷиди Кўфа рафтам ва аз он бузургвор савол карда ҷавоб гирифтам ва акнун ба манзили худ меравам.” Ҳидояти ботинӣ ва нуфузи рўҳонӣ Имом ва ҳуҷҷати Худо вазифаи раҳбарӣ ва ҳидояти мардумро ба ўҳда дорад ва дар кўшишу талош аст касонеро, ки омодаи дарёфти нури ҳидояти ў ҳастанд, роҳнамоӣ кунад.Барои анҷоми ин маъмурияти илоҳӣ гоҳе ошкоро ва бе парда бо инсонҳо робита барқарор мекунад ва бо гуфтору кирдори зиндагисози худ роҳи саодату беҳрўзии онҳоро нишон медиҳад ва замоне ҳам бо истифода аз қудрати вилояти худ, ки нерўи ғайбӣ ва илоҳӣ аст дар даруни қалбҳо асар мегузорад ва бо таваҷҷўҳи махсус ва инояти хоссе дилҳои омодаро моил ба хубиҳо ва зебоиҳо мекунад ва роҳи рушду камоли онҳоро ҳамвор месозад. Дар ин бахш ниёзе ба ҳузури зоҳирии имом ва робитаи мустақим бо ў нест, балки ҳидоятҳо аз роҳҳои дарунӣ ва иртиботи қалбӣ анҷом мегирад. Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ дар баёни ин бахш аз фаъолиятҳои имом мефармояд:“Худовандо ҷуз ин нест, ки бояд ҳуҷҷате аз ҷониби ту дар замин бошад, то мардумро ба сўи дини ту раҳнамоӣ кунад (гоҳе он ҳуҷҷат ошкор ва гоҳе пинҳон аз чашмони мардум мебошад) ... Ва агар вуҷуди зоҳирии ў аз мардум пинҳон бошад, вале бе шак таълимҳо ва одоби ў дар дилҳои мўъминин пароканда аст ва онҳо бар асоси он амал мекунанд.” Имоми ғоиб аз роҳи ҳамин ҳидоятҳо ба кори нерўсозӣ барои қиём ва инқилоби ҷаҳонӣ, ҳиммат мегузорад. Ва касоне, ки шоистагиҳои лозимро дошта бошанд, зери тарбияти махсуси имом барои ҳузур дар рикоби он ҳазрат омода мешаванд ва ин яке аз барномаҳои имоми ғоиб аст, ки ба баракати вуҷуди Ў анҷом мешавад.Эминӣ аз балоҳо Бе шак амният аз аслитарин сармояҳои зиндагӣ аст. Падид омадани ҳодисаҳои гуногун дар олам ҳамеша зиндагӣ ва ҳаёти табииро дар маърази нобудӣ қарор дода аст ва кантрули офатҳо ва балоҳо, агар чӣ бо фароҳам овардани василаҳои моддӣ мумкин аст, вале сабабҳои маънавӣ низ дар он таъсири фаровоне дорад. Дар ривоёти пешвоёни мо, вуҷуди имом ва ҳуҷҷати илоҳӣ дар маҷмўаи ҷаҳони офариниш ба унвони сабаби амнияти замин ва аҳли он шумурда шуда аст.Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ худ фармуда аст:"واني لَأمان لأهل الارض..."“Ман сабаби эминӣ (аз балоҳо) барои аҳли замин ҳастам.” (Санади ин ҳадис ҳасан (хуб) аст.Вуҷуди Имом монеъ аз он аст, ки мардум ба сабаби гуноҳони мухталиф ва фасодҳое, ки анҷом медиҳанд ба азобҳои сахти илоҳӣ гирифтор шаванд ва тўмори ҳаёти замин ва аҳли он бар ҳам печида шавад.Қуръони Карим дар ин бора хитоб ба Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мефармояд:"وما كان الله لِيُعذِّبهم وانت فيهم..."“(Эй Расули мо) То замоне, ки ту дар миёни инҳо (муслимин) ҳастӣ Худованд ҳаргиз онҳоро ба азоби (умумӣ) гирифтор нахоҳад кард.” Ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки мазҳари раҳмат ва меҳри Парвардигор аст низ бо инояти хосси худ, балоҳои бузургро ба хусус аз ҷомеаи шиаён ва яко яки онҳо дур мекунад, гарчӣ дар бисёре аз маворид шиаён ба латфу каромати он ҳазрат таваҷҷўҳ надошта бошанд ва дасти ёрикунандаи он ҳазратро дар болои сари худ нашносанд!Он ҳазрат дар мақоми муаррифии худ мефармояд:"انا خاتم الاوصياء وبي يدفع الله عز وجل البلاء من اهلي وشيعتي".“Ман охирин ҷонишини Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастам ва Худои Мутаол ба сабаби вуҷуди ман балоҳоро аз хонадон ва шиаёнам дур мекунад.” Дар ҷараёни шаклгирии инқилоби шукўҳманди исломии Эрон ва солҳои пур талотуми шўълавари дифои муқаддас, борҳо лутфу муҳаббати он Имоми бузургвор бар сари ин миллат ва мамлакат соя афканд ва низоми исломӣ ва мамлакати муслимин ва Маҳдавиро аз гарданаи нақшаҳои хатарноки душман, убур дод! Шикаста шудани ҳукумати низомии шоҳ дар 21 Баҳмани соли 1357 (1976) ба фармони имом Хумайнӣ раҳматуллоҳи алайҳ, ҳодисаи суқуту нобудии Ҳеликуптерҳои низомии Амрико дар саҳрои Табас (наздики марзи Афғонистон) кашфи кудатои нофарҷоми Нужа дар 21 Тирмоҳи соли 1361 (1980) ва нокомии душманон дар ҷанги ҳашт сола ва даҳҳо намунаи дигар, шоҳидҳои гўёе ҳастанд.Борони раҳматباران رحمت Мавъуди бузурги ҷаҳониён ва қиблаи умеди мусулмонон ва маҳбуби дилҳои шиаён, ҳамеша бар ҳоли мардум назар дорад ва ғайбати он хуршеди меҳрубонӣ, монеъ аз он нест, ки сояи зиндагибахш ва нишот офарини худро бар ҷонҳои муштоқ битобонад ва онҳоро бар хони караму бузургвории худ меҳмон кунад. Он моҳи мунаввари дўстӣ ва меҳрварзи ҳамеша ғамхори шиаён ва дастгири мададҷўёни остони ҳазраташ будааст. Гоҳе бар болини беморон ҳозир шуда ва дасти шифобахши худро марҳами захмҳои онҳо қарор дода аст ва замони дигар бар гумшудагон дар биёбонҳо иноят фармуда ва вомондагон дар водии танҳоӣ ва бе касиро ёру ёвар ва раҳнамо гардида аст ва дар лаҳзаҳои сахти ноумедӣ бар дилҳои мунтазир гармии умед бахшида аст. Ў ки борони раҳмати илоҳӣ аст дар ҳама ҳол бар танури тафтидаи ҷонҳо борида ва бо дуои худ бар шиаён сабзӣ ва хуррамиро дар онҳо ба вуҷуд оварда аст. Он саҷҷоданишини остони ҳазрати дўст, дастҳои хоҳиш ва талабро кушода ва барои ману ту ин чунин хоста аст:"يا نور النور و يا مدبر الامور يا باعث من في القبور صل على محمد وآل محمد واجعل لي ولشيعتي من الضيق فرجا و من الهمِّ مخرجا و اوسع لنا المنهج و اطلق لنا من عندك ما يُفرِّجُ و افعل بنا ما انت اهله يا كريم". “Эй равшаноии нур, эй тадбир кунандаи корҳо, эй зиндакунандаи мурдаҳо бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад дуруд бифрист ва барои ман ва шиаёнам дар гирифториҳову тангноҳо кушоиш қарор деҳ ва аз ғаму андўҳ роҳи чорае боз кун ва роҳи (ҳидоят)-ро барои он васеъ гардон ва роҳе, ки дар он кушоиши мо аст ба рўи мо бикшо ва он чунон, ки ту шоистаи он ҳастӣ бо мо рафтор кун, эй Карим.” Он чӣ гуфта шуд баёнгари он аст, ки аз осори вуҷуди Имом –гарчӣ дар ғайбат ба сар барад- имкони робита ва иттисол бо Ў вуҷуд дорад ва касоне, ки лаёқат ва шоистагӣ доштаанд лаззати ҳамнишинӣ ва ҳамнавоии он ёри бе ҳамторо чашидаанд.