Афрод ва ҷамъиятҳо пеш аз он ки ба ҳукумат бирасанд ва қудратро ба даст гиранд ҳадафҳоеро барои ҳукумати худ баён мекунанд ва чӣ басо барои расидан ба он ҳадафҳо барномаҳои худро низ эълон кунанд. Аммо маъмулан баъд аз расидан ба қудрат ва гузашти замон, дар ҳадафҳои худ ноком монда ва гоҳе аз он чӣ гуфта буданд мегузаранд ва ё ба таври куллӣ он ҳадафҳоро фаромўш мекунанд ва канор мегузоранд.
Даст наёфтан ба орзуҳо ва ҳадафҳои мушаххас шуда ё ба хотири он аст, ки ҳадафҳо воқеӣ ва усулӣ набуда ва ё он ки барномаҳои ҳукумат барои расидан ба ҳадафҳо, барномаи ҷомеъ ва комиле набуда аст ва дар бисёре аз маворид низ сабаби нокомӣ, лаёқат надоштани муҷриёни он барнома буда аст.
Дар ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳадафҳо, ҳадафҳое аст воқеӣ ва асил, ки реша дар умқи виҷдонҳои башар дорад ва ҳамагон дар орзуи расидан ба он будаанд. Ва барномаҳо низ бар асоси таълимоти Қуръон ва суннати Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам танзим гардида ва дар тамомии бахшҳо замонати иҷроӣ барои онҳо вуҷуд дорад. Бинобар ин, дастовардҳои ин инқилоби азим бисёр чашмгир ва қобили таваҷҷўҳ аст ва дар як ҷумла бояд гуфт, ки дастовардҳои ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҷавобгўи тамоми ниёзҳои маънавӣ ва моддии башар аст, ки Худованди Мутаол дар вуҷуди инсон ба амонат гузошта аст.
Дар ин ҷо бо таваҷҷўҳ ба ривоёт ба баъзе аз ин дастовардҳо ним нигоҳе меандозем:
1-Адолати фарогир
Дар ривоёти фаровон, муҳимтарин дастоварди қиём ва инқилоби ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, пур шудани ҷаҳон аз адолат ва додгарӣ шумурда шуда аст, ки дар бахши ҳадафҳои ҳукумат дар бораи он сухан гуфтем. Аммо дар ин бахш бар он ҳақиқати ёд шуда ин воқеиятро меафзоем, ки дар ҳокимияти Қоими Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам адолат дар ҳамаи сатҳҳои ҷомеа ба сурати як ҷараёни ҷорӣ дар тамоми мўи рагҳои ҷомеа дар меояд ва ҳеҷ ниҳод ва маҷмўаи кўчак ё бузурге намемонад, магар ин ки адолат дар он ҳоким хоҳад шуд ва робитаҳои инсонҳо бо якдигар бар асоси он поярезӣ хоҳад шуд.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар ин бора фармуд:
“Ба Худо савганд адолатро бар хонаҳои мардум хоҳад бурд он чунон, ки сармо ва гармо ба даруни хонаҳо нуфуз мекунанд.”
Вақте хона, ки кўчактарин ниҳод дар ҷомеа аст ба конуни адолат табдил мешавад ва робитаҳои афроди хонавода бо якдигар одилона мегардад, ҳикоят аз он дорад, ки ҳукумати ҷаҳонӣ ва адолат густари Маҳдавӣ на бо абзори зургўӣ ва қонун, балки бар асоси як тарбияти Қуръонӣ, ки ба адолат ва эҳсону некӣ фармон медиҳад инсонҳоро парвариш медиҳад ва дар фазои ин чунинӣ ҳамагон ба ҳукми вазифаи инсонӣ ва илоҳии худ, ҳуқуқи дигаронро –гарчӣ аз назари рутба ва мақом ҷойгоҳе надошта бошанд- мўҳтарам мешуморанд.
Дар ҷомеаи Мавъуди Маҳдавӣ, адолат як ҷараёни фарҳангии асил ва бо пуштувонаи Қуръонӣ ва ҳукумате аст, ки сарпечӣ ва нофармонӣ аз он танҳо ба василаи афроди ба шуморе, ки худхоҳ ва манфиат талаб буда ва ба дур аз таълимоти Қуръон ва Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим парвариш ёфтаанд, сурат мегирад, ки ҳокимияти адолатпарвар бо онҳо бархўрди ҷиддӣ мекунад ва иҷозаи рушду нумув ва реша давонидан ба онҳо намедиҳад. Ва ба хусус аз нуфузи онҳо ба сатҳҳои ҳокимият пешгирӣ мекунад.
Оре, адолате, ки чунин фарогир ва ҳамагонӣ аст, раҳоварди ҳукумати Маҳдии Мунтазар саломуллоҳи алайҳ аст ва ба ин гуна олитарин ҳадафи инқилоби Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки пур кардани олам аз адлу дод буда аст ба шакли комил таҳаққуқ хоҳад ёфт ва зумлу ситам ва ҳақкушӣ дар ҳамаи бахшҳои ҷомеа, ҳатто дар робитаҳои аъзои хонавода бо якдигар низ аз байн хоҳад рафт.
2-Рушди фикрӣ ва ахлоқӣ ва имонӣ
Дар бахши қабл гуфтем, ки ҳамагир шудани адолат дар ҷомеа ба сабаби тарбияти саҳеҳи афрод ва ривоҷи фарҳанги Қуръон ва Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим дар ҷомеа аст. Ва дар ривоёти мо ба рушди фикрӣ ва ахлоқӣ ва имонии мардум дар ҳокимияти Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба равшанӣ ишора шуда аст.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Вақте Қоими мо қиём кунад дасти инояти худ бар сари бандагони Худо бигзорад ва ба баракати он ақлу хиради онҳо ба камол расад.”
Ва ҳамаи хубиҳо ва зебоиҳо ба дунболи камоли ақли инсон ба даст меояд, чун ки ақл паёмбари дарунии инсон аст, ки дар сурати ҳоким будани он бар кишвари ҷисму ҷон андеша ва амали одамӣ ба сўи салоҳ ва дурустӣ хоҳад рафт ва роҳи бандагии Парвардигор ва расидан ба саодат ҳамвор хоҳад шуд.
Аз Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ савол шуд, ки ақл чист?
Фармуд: “Ақл он (ҳақиқате) аст, ки ба сабаби он Худованд ибодат мешавад ва бо (раҳнамоии) он биҳишт ба даст меояд.”
Оре, дар ҷомеаи имрўз мебинем, ки дар ҷомеаи бе имом ва ҳокимияти Ў, шаҳватҳо бар ақл ғалаба дорад ва нафси саркаш ягона фармондеҳи афрод ва гурўҳҳо ва ҳизбҳо аст ва паёмади ин вазъият поймол шудани ҳуқуқи афрод ва фаромўш шудани арзишҳои илоҳӣ аст. Вале дар ҷомеаи Мавъуд ва дар сояи фармондеҳии ҳуҷҷати Худо, ки ақли кул аст, ақлҳои инсонҳо ва майдондор ва суккондори тасмим ва иқдом хоҳад буд ва ақли ба камол расида ҷуз ба хубӣ ва зебоӣ фармон намедиҳад.
3-Иттиҳод ва ҳамдилӣ
Бинобар он чӣ дар ривоёт ворид шуда ҷамъияте, ки зери ҳокимияти ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба сар мебаранд бо ҳам муттаҳид ва самимӣ хоҳанд буд ва дар замони барпоии давлати Маҳдавӣ ҷое барои кина ва душманӣ нисбат ба якдигар дар дилҳои бандагони Худо нахоҳад монд.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
"و لو قد قام قائمنا ... لذهبت الشَّحناء من قلوب العباد ...".
“Вақте Қоими мо қиём кунад, кина аз дилҳои бандагон меравад.”
Дар он замон дигар баҳонае барои кинатузӣ нест, чун ки рўзгори ҳақ ва додгарӣ аст ва ҳаққе аз касе зойеъ намешавад ва рўзгори хирадварзӣ ва тааққул аст на ақлситезӣ ва шаҳватпарастӣ. Бинобар ин, заминае барои душманӣ ва кинаҷўӣ боқӣ намемонад ва аз ин рў дилҳои мардум, ки то пеш аз ин пароканда ва дур аз ҳам буд, унсу улфат меёбад ва ҳамагон ба бародарӣ ва ухуввати Қуръонӣ боз мегарданд ва монанди бародарон бо якдигар ҳамдил ва меҳрубон мешаванд.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар васфи рўзгори сабзи Маҳдавӣ саломуллоҳи алайҳ фармуда аст:
“(Дар он рўзгор) Худованд ваҳдат ва улфатро байни қалбҳои парешон ва пароканда барқарор мекунад.”
Ва агар дасти Худо дар кор аст дигар аҷиб нест, ки ин ҳамдилӣ ва самимият ба ҷое расад, ки тасаввури он дар дунёи кунунӣ, ки бўҳрони тазодҳо ва кашмакашҳои моддӣ ба авҷи худ расида аст, душвор бошад.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Вақте Қоими мо қиём кунад дўстии воқеӣ ва самимияти ҳақиқӣ баён мешавад. Ҳар ниёзманде даст мебарад ва аз кисаи бародари имонияш ба миқдори ниёз мебардорад ва бародараш Ўро манъ намекунад.”
4-Саломати ҷисмӣ ва равонӣ
Яке аз мушкилоти башари имрўз бурузи бемориҳои сахт ва ғайри қобили илоҷ аст, ки маҳсули сабабҳои гуногун аз ҷумла олудагии муҳити зиндагӣ ба сабаби ба коргирии силоҳҳои шимёӣ, атумӣ ва микрубӣ аст. Ҳам чунин робитаҳои номашрўъи инсонҳо бо якдигар ва низ аз байн бурдани ҷангалҳо ва обҳои дарё аз дигар сабабҳои зуҳури бемориҳое монанди ҷузом, тоун, фалаҷ, сакта ва даҳҳо бемории дигар аст, ки беҳдошт ва дармони пешрафтаи имрўз ҳам қодир ба муолиҷаи онҳо нест. Ба бемориҳои ҷисмӣ, бояд феҳристи баланде аз маразҳои рўҳӣ ва равониро низ афзуд, ки зиндагиро барои мардуми ҷаҳон талх ва ғайри қобили таҳаммул карда аст, ки ин низ ба сабаби робитаҳои ғалати ҳоким бар ҷаҳон ва инсонҳо мебошад.
Дар давлати каримаи Маҳдавӣ, ки рўзгори адолат густарӣ ва ҳукумати фазилатҳо ва зебоиҳо мебошад, робитаҳо бар асоси бародарӣ ва баробарӣ шакл мегирад, бемориҳои ҷисмӣ ва равонии инсон аз байн меравад ва қувваҳои баданӣ ва рўҳии инсон ба таври шигифтангезе қавӣ ва нерўманд мегардад.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Ҳангоме, ки ҳазрати Қоим саломуллоҳи алайҳ қиём кунад, Худованд бемориҳоро аз мўъминон дур мекунад ва тандурустиро бар онҳо боз мегардонад.”
Дар давлати он ҳазрат аст, ки дониш ба гунаи шигифтовар пешрафт мекунад ҳеҷ бемори лоилоҷе намемонад ва беҳдошт ва тиб рушди чашмгире хоҳад дошт ва низ ба баракати вуҷуди он ҳазрат бисёре аз беморон шифо хоҳанд гирифт.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Ҳар кас Қоими Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим-ро дарк кунад, агар ба беморие дучор бошад шифо меёбад ва агар дучори нотавонӣ бошад тавоно ва нерўманд мешавад.”
5-Хайру баракати фаровон
Аз дастовардҳои бузурги ҳукумати Қоими Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хайру баракати фаровон ва бе собиқа аст. Дар баҳори давлати он ҳазрат ҳама ҷо сабзу хуррам гашта ва нишоту ҳаёт меёбад. Осмон меборад ва замин мерўёнад ва баракоти илоҳӣ саршор ва бе шумор мегардад.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“... Худованд ба сабаби Ў (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) баракоти осмонҳо ва заминро ҷорӣ мекунад (дар рўзгори давлати он ҳазрат) осмон меборад ва замин дона медиҳад.”
Дар сояи ҳукумати он ҳазрат заминҳо ва даштҳои бе обу гиёҳе нахоҳад монд ва ҳамаи заминҳо ҷомаи ҳаёт ва шодобӣ ба тан мекунад.
Ин таҳаввул ва дигаргунии чашмгир ва фаровонии бе назир ба ин хотир аст, ки рўзгори Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ, рўзгори ҷавона задани ниҳоли покӣ ва тақво ва шукўфоии гулҳои имон аст ва мардум дар ҳамаи гурўҳҳо ва қишрҳо зери тарбияти илоҳӣ қарор гирифта ва робитаҳои худро бар асоси арзишҳои Худоӣ анҷом медиҳанд ва Худованд ваъда фармуда аст, ки чунин муҳити покеро аз баракот ва хайрот сероб гардонад.
Қуръони Карим дар ин бора фармуда аст:
"و لو انَّ اهل القري آمنوا و التَّقوا لَفَتَحنا عليهم بركات من السماء و الارض".
“Агар мардуми шаҳрҳо имон оварда ва тақво пеша мекарданд (дарҳои) баракоти осмон ва заминро ба рўяшон боз мекардем.”
6-Решакан шудани фақр
Вақте ҳамаи манбаҳои заминӣ барои Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ошкор гардад ва баракоти осмону замин бар мардуми он замон бе дареғ ҷараён ёбад ва амволи байтул моли муслимин бо адолат тақсим шавад, ҷое барои фақру таҳидастӣ боқӣ намемонад ва башарият дар давлати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ барои ҳамеша аз чанголи фақру нодорӣ раҳо мешавад.
Дар рўзгори он ҳазрат робитаҳои иқтисодӣ бар асоси бародарӣ ва баробарӣ шакл мегирад ва асли судҷўӣ ва манфиатталабии шахсӣ ҷои худро ба ҳисси дилсўзӣ ва ғамхорӣ ва баробарӣ бо бародарони динӣ медиҳад ва дар ин ҳол ҳама ба якдигар ба унвони аъзои як хонавода нигоҳ мекунанд ва бинобар ин, ҳама дигаронро аз худ медонанд ва бўи ягонагӣ ва якрангӣ дар ҳама ҷо ба машом мерасад.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“... (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) Ҳар сол ду бор ба мардум мебахшад ва дар ҳар моҳ ду бор ба онҳо рўзӣ (ва ниёзи зиндагӣ) ато мекунад ва (дар ин кор) ба баробарӣ байни мардум амал мекунад, то ин ки (чунон мардум бе ниёз мешаванд, ки) ҳеҷ касе пайдо намешавад, ки ниёз ба закот дошта бошад.”
Аз ривоёт истифода мешавад, ки ниёзманд набудани мардум ба хотири рўҳияи қаноат ва бе ниёзии рўҳӣ аст. Ба баёни дигар пеш аз ин ки мардум аз берун, соҳиби моли фаровон шаванд ва бе ниёз гарданд аз дарун, рўҳи бе ниёзӣ дар онҳо пайдо мешавад ва ба он чӣ Худованд аз фазли худ бар онҳо ато карда розӣ ва хушнуд мегарданд ва бинобар ин чашме ба амволи дигарон намедўзанд.
Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар тавсифи давлати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ фармуда аст:
“... Худованд (рўҳи) бе ниёзиро дар дилҳои бандагон қарор медиҳад.”
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз зуҳур, рўҳияи озмандӣ ва зиёдаталабӣ сабабҳои муассире дар рақобатҳои ғалат ва захира кардани амвол бар рўи ҳам ва инфоқ накардани онҳо ба ниёзмандон буда аст.
Хулоса ин ки дар замони Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бе ниёзӣ аз берун ва дарун хоҳад буд. Аз тарафе сарвати саршор ба адолат тақсим мегардад ва аз сўи дигар қаноат вижагии ахлоқии мардум мебошад.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пас аз ин ки дар бораи бахшиши Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба мардум баёнотеро фармуда аст, меафзояд:
“Ва Худованд дилҳои уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро аз бе ниёзӣ пур мекунад ва адолати Маҳдавӣ ҳамаи онҳоро фаро мегирад ба гунае, ки (ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) амр мекунад, то нидодиҳандае эълон кунад:
Чӣ касе ниёзманди мол аст? Пас касе аз миёни мардум баланд нашавад, магар як нафар!
Пас Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ (ба Ў) мефармояд: Ба назди хазонадор бивар ва ба Ў бигў: Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба ту фармон медиҳад, ки ба ман моле бидиҳӣ. Пас, хазонадор ба Ў мегўяд: Ҷомаатро биовар, то ин ки миёни ҷомаашро пур мекунад, вақте онро ба дўшаш мебардорад ва мебарад пушаймон мешавад ва мегўяд: Чаро дар миёни уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ман аз ҳама ҳаристар бошам ..., пас молро бармегардонад, вале аз Ў қабул намешавад ва ба Ў гуфта мешавад: Мо он чиро, ки додем дубора пас намегирем.”
7-Ҳокимияти Ислом ва нобудии куфр
Қуръони Карим дар се маврид ваъда дода аст, ки Худованди Мутаол дини муқаддаси Исломро ҷаҳонгир хоҳад кард:
"هو الذي ارسل رسوله بالهدى و دين الحق ليظهره على الدين كله و لو كره المشركون".
“Ў Худое аст, ки паёмбарашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то он динро бар ҳамаи динҳо пирўз гардонад, гарчӣ мушрикон аз он хушашон наояд.”
Ва шакке нест, ки ваъдаи Худованд анҷом шуданӣ ва тахаллуф нопазир аст чунон, ки Қуръон фармуда аст:
"انَّ الله لا يُخلف الميعاد"
“Ба ростӣ, ки Худованд дар ваъдаи худ хилоф надорад.” Сураи Оли Имрон ояти 9.
Вале равшан аст, ки бо вуҷуди ҳамаи муҷоҳидатҳо ва талошҳои бе дареғи Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва авлиёи Худо саломуллоҳи алайҳим то кунун чунин рўйдоди мубораке ба вуқўъ напайваста аст ва ҳамаи мусулмонон умед доранд, ки ин рўзгор фаро расад ва албатта ин орзуи ҳақиқие аст, ки реша дар баёноти пешвоёни маъсум саломуллоҳи алайҳим дорад.
Бинобар ин дар сояи ҳокимияти Валии Парвардигор бонги “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ”, ки парчами тавҳид аст ва навои “Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ”, ки парчами Ислом аст ҳама ҷоро фаро хоҳад гирифт ва асаре аз ширку куфр боқӣ нахоҳад монд.
Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ дар тавзеҳи ояти
"و قاتلوهم حتى لا تكون فتنة و يكون الدين كله لله...".
“Ва бо онҳо (мушрикон) биҷангед, то ин ки (дар замин) фитна ва фасоде намонад ва ҳамаи динҳо дини Худо гардад ...” Сураи Анфол ояти 39
Фармуд:
“Таъвили ин оят ҳануз наомада аст ва ҳар гоҳ Қоими мо қиём кунад ҳар касе, ки замони Ўро дар ёбад, таъвили ин оятро хоҳад дид ва ҳатман дар он замон дини Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ҳар куҷое, ки шаб мерасад хоҳад расид (ва оламгир хоҳад шуд) ба гунае, ки дар сатҳи замин асаре аз ширку куфр нахоҳад монд ҳамон гуна, ки Худованд фармуда (ваъда намуда) аст.”
Албатта ин ҷаҳонӣ шудани Ислом ба сабаби ҳаққоният ва воқеияти Ислом аст, ки дар рўзгори Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳар чӣ бештар ва беҳтар ошкор хоҳад шуд ва ҳамагонро ба худ ҷалб хоҳад кард, магар он касоне, ки аз рўи инод ва саркашӣ сар ба туғён бизананд, ки бо шамшери адли Маҳдавӣ, ки дасти интиқоми Парвардигори Мутаол аст, рў ба рў хоҳанд шуд.
Охирин матлаб дар ин бахш ин аст, ки ин ваҳдати ақидавӣ, ки дар сояи ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба даст меояд, заминаи бисёр муносибе аст барои ташкили ҷомеаи воҳиди ҷаҳонӣ ва ҷаҳон аз паи ҳамин ягонагӣ ва иттиҳод дар эътиқод, ба як қонун ва низоми тавҳидӣ тан медиҳад ва онро мепазирад ва сипас дар сояи он робитаҳои фардӣ ва иҷтимоии худро бар асоси меъёрҳое, ки аз як ақида ва маром гирифта шуда аст танзим мекунад. Ва бинобар ин баён, ваҳдати ақидатӣ ва ҷамъ шудани ҳамаи мардум дар зери як парчам ва як дини воҳид, як зарурат ва ниёзӣ ҷиддӣ аст, ки дар ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳосил хоҳад шуд.
8-Амнияти умумӣ
Дар ҳокимияти Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ, ки даврони фарогирии ҳамаи хубиҳо дар ҳамаи арсаҳову заминаҳои зиндагӣ, амният аст, ки аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ ва аз олитарин орзуҳои инсон аст, ба даст меояд.
Вақте мардум аз ақида ва мароми воҳид пайравӣ кунанд ва дар робитаҳои иҷтимоии худ ба усули баланди ахлоқӣ пойбанд бошанд ва адолат дар тамоми мўи рагҳои ҳаёти фардӣ ва ҷамъии башар ҷорӣ гардад, баҳонае барои ноамнӣ ва тарс дар ҳеҷ бахше аз зиндагӣ боқӣ намемонад. Дар ҷомеае, ки ҳар касе ба ҳуқуқи илоҳӣ ва инсонии худ мерасад ва бо таҷовуз ва ҳақкушӣ -гарчӣ дар табақаи ҳокимон ва дар камтарин миқдори он бошад- бархўрди қонунӣ мешавад, амнияти умумӣ ва иҷтимоӣ шакл мегирад.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Ба дасти мо (ва дар ҳукумати мо) рўзгори сахтиҳо сипарӣ мегардад... Ва вақте Қоими мо қиём кунад кинаҳо аз дилҳо берун равад ва ҳайвонот низ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. (Дар он рўзгор чунон муҳити амне ба вуҷуд биёяд), ки зан бо ҳама зебу зевари худ аз Ироқ то Шом биравад ... ва чизе ўро натарсонад.”
Албатта барои мо ки дар рўзгори бе адолатиҳо ва озмандӣ ва кинатузиҳо ба сар мебарем, тасаввури чунин даврони сабзе бисёр душвор аст, вале чунон, ки гуфта шуд, агар ба сабабҳои он ҳама бадиҳо ва зиштиҳо бингарем ва биандешем, ки ин сабабҳо дар ҳокимияти ҳукумати ҳақ решакан хоҳад шуд, хоҳем донист, ки ваъдаи илоҳӣ дар муҳаққақ шудани ҷомеаи амну ором, ҳатмӣ хоҳад буд.
Худованди Мутаол дар Қуръони Карим фармуда аст:
“Худо ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ... ваъда дода, ки ба яқин дар рўи замин, онҳоро халифа (ва ҷонишини худ) қарор диҳад ... ва пас аз ин ки дар тарсу нигаронӣ қарор доштанд амну оромишро бар онҳо ато фармояд...”
Ва Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар маънои ин оят фармуда аст:
“Ин оят дар бораи Қоим саломуллоҳи алайҳ ва ёронаш нозил шудааст.”
9-Густариши дониш
Дар даврони ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ асрори илмии фаровон дар улуми исломӣ ва инсонӣ ошкор мешавад ва дониши башарӣ ба гунаи ғайри қобили тасаввур густариш меёбад.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“Илму дониш бист ва ҳафт ҳарф аст ва ҳамаи он чӣ паёмбарон овардаанд, танҳо ду ҳарфи он аст ва мардум то ба ҳол ҷуз бо он ду ҳарф ошноӣ надоранд. Ва ҳангоме, ки Қоими мо қиём кунад, бист ва панҷ ҳарфи дигарро берун оварда ва дар миёни мардум густариш медиҳад ва он ду ҳарфро низ ба онҳо замима карда ва маҷмўи бист ва ҳафт ҳарфро мунташир хоҳад кард.”
Бадеҳӣ аст, ки рушду густариши илмӣ дар ҳамаи заминаҳо барои инсон рух медиҳад. Ва дар чандин ривоёт ишораҳое омада, ки нишон медиҳад фосилаи дониши санъатӣ дар он замон бо санъати кунунӣ бисёр зиёд хоҳад буд. Ҳамон гуна, ки санъати кунунӣ бо қарнҳои пешин тафовутҳои чашмгире дорад.
Дар ин ҷо ба баъзе аз ривоёт ишора мекунем.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар бораи чигунагии иртиботот дар ҳукумати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“Дар рўзгори Қоим саломуллоҳи алайҳ мўъмин дар машриқ замин бародарашро, ки дар мағриб замин аст мебинад ...”
Ва ҳам чунин мефармояд:
“Ҳангоме, ки Қоими мо қиём кунад, Худованд қудрати шунавоӣ ва биноии шиаёни моро афзоиш медиҳад ба гунае, ки он ҳазрат аз фосилаи як барид (чаҳор фарсанг) бо шиаёни худ сухан мегўяд ва онҳо сухани ўро мешунаванд ва ўро мебинанд дар ҳоле, ки он ҳазрат дар ҷойгоҳи худ қарор хоҳад дошт.”
Ва дар бораи мизони огоҳии Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз аҳволи мардум ба унвони раиси ҳукумат ва маркази тасмимгирӣ ва фармондеҳӣ, дар ривоят омада аст, ки:
“Агар касе дар хонаи худаш сухане бигўяд, бими он дорад, ки мабодо деворҳои хонааш гузориш диҳанд.”
Бо таваҷҷўҳ ба василаҳои пешрафтаи иртиботӣ, дарки ин ривоёт осонтар аст, вале равшан нест, ки оё ҳамин васоил ба сурати пешрафтатар ба кор гирифта мешавад ё системаи дигаре, ки печидагии бештаре дорад, ҷойгузини васоили имрўзӣ хоҳад шуд.