Дар бахшҳои гузашта дар бораи ғайбати Имоми дувоздаҳум ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва фалсафаи он, сухан гуфтем. Он охирин ҳуҷҷати Парвардигор ғоиб шуд, то баъд аз фароҳам шудани замина зоҳир шавад ва ҷаҳонро аз сояи ҳидояти мустақими худ баҳраманд созад. Башарият метавонист дар даврони ғайбат ба гунае амал кунад, ки ҳар чӣ зудтар шароити зуҳури Имом саломуллоҳи алайҳ-ро омода кунад, вале ба хотири пайравӣ аз шайтон ва ҳавои нафс ва дур мондан аз тарбияти саҳеҳи Қуръонӣ ва напазируфтани вилоят ва раҳбарии Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки ҳуҷҷатҳои бар ҳаққи илоҳӣ мебошанд, ба гумроҳӣ рафт ва ҳар рўз бинои зулмеро дар дунё поярезӣ кард ва зулму бадкориро густаронид. Бо интихоби ин роҳ ба саранҷоми бисёр баде расид. Ҷаҳони пур аз зулму ҷур, фасоду табоҳӣ, рўзгори холӣ аз амнияти ахлоқӣ ва равонӣ, ҳаёти ба дур аз маънавият ва покӣ ва иҷтимое пур аз таҷовуз ва поймол кардани ҳуқуқи зурдастон маҳсули амалкарди инсонҳои даврони ғайбат аст. Воқеияте, ки дар каломи маъсумин саломуллоҳи алайҳим аз қарнҳо қабл пешбинӣ шуда ва тасвири сиёҳи он кашида ва баён шуда буд.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ ба яке аз ёрони худ мефармояд:
“Ҳангоме, ки бубинӣ зумлу ситам фарогир шуда ва Қуръон фаромўш гашта ва аз рўи ҳаво ва ҳавас тафсир гардида, аҳли ботил бар аҳли ҳақ пешӣ гирифта, афроди бо имон сукут ихтиёр карда, пайванди хешовандӣ бурида шуда, фиребкорӣ фаровон гашта, роҳҳои хайр бидуни пайрав ва раҳрав ва роҳҳои бадӣ ва бадкорӣ мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифта, ҳалол ҳаром шуда ва ҳаром ҷоиз шумурда шуда, сармояҳои азим дар роҳи хашми Худо (ва фасоду бадкорӣ) сарф гардида, ришвахорӣ дар миёни коркунони давлат ривоҷ ёфта, саргармиҳои носолим чунон ривоҷ ёфта, ки ҳеҷ касе ҷуръати пешгирӣ аз онро надорад. Шунидани ҳақиқатҳои Қуръон бар мардум сахт шуда, аммо шунидани ботил осон бошад. Барои ғайри Худо ба ҳаҷҷи хонаи Худо биштобанд, мардум сангдил шаванд (ва отифаҳо бимирад), агар касе бихоҳад амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунад ба ў тавсия кунанд, ки ин кор вазифаи ту нест, ҳар сол фасод ва бидъати наве пайдо шавад. (Ҳар гоҳ дидӣ вазъияти мардум ин гуна шуда) муроқиби худ бош ва аз Худо наҷоту раҳоӣ аз ин шароити номуносибро бихоҳ (ки фараҷ наздик аст.”)
Албатта ин тасвири сиёҳ аз даврони қабл аз зуҳур, чеҳраа аксарияти он давра аст, чаро, ки динбоварони ҳақиқӣ низ дар ҳамин рўзгорон ҳастанд. Динбоварони ҳақиқие, ки бар аҳди худ бо Худованд устувор мемонанд ва марзҳои эътиқодии худро пос медоранд ва гирифтори фасоди муҳит намешаванд ва сарнавишти худро ба саранҷоми зишти дигарон пайванд намезананд. Инҳо аз беҳтарин бандагони Худо ва шиаёни имомони нур ҳастанд, ки дар ривоёти фаровон мавриди тамҷид ва ситоиш қарор гирифтаанд. Инҳо, ҳам худ пок зистанд ва ҳам дигаронро ба покӣ даъват мекунанд, чун хуб медонанд, ки метавон аз роҳи тарвиҷи хубиҳо сохтани муҳити муаттар бо атри имон, зуҳури имоми хубиҳоро пеш андохт ва муқаддамоти қиём ва ҳукумати Ўро фароҳам кард, чун ки замоне қиём бар зидди бадиҳо мумкин аст, ки муслиҳи Мавъуд ёвароне дошта бошад. Ва ин тафаккур нуктаи муқобили дидгоҳи ботил ва мардуди тарвиҷи фасод барои фарорасидани ҳар чӣ зудтари зуҳур мебошад. Ба ростӣ оё пазируфта аст, ки аҳли имон дар баробари зиштиҳо ва бадиҳо сукут кунанд, то фасод ҳама ҷоро фаро гирад ва аз ин роҳ заминаи фасод фароҳам гардад? Оё тарвиҷи хубиҳо ва фазилатҳо наметавонад зуҳури имоми хубонро наздик кунад?
Фаризаи амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар аз таклифҳои қатъии ҳар мусумон аст, ки дар ҳеҷ замону маконе қобили чашмпўшӣ аз он нест, пас чӣ гуна аст, ки ба хотири зудтар фарорасидани зуҳур битавон зулму табоҳиро тарвиҷ кард?!
Чунон, ки Паёмбар Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:
“Албатта дар поёни ин уммат (давраи охируз замон) гурўҳе хоҳанд буд, ки подоши онҳо ҳамонанди аҷри уммати аввали исломӣ хоҳад буд. Онҳо амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд ва бо аҳли фитна ва фасод меҷанганд.”
Гузашта аз ин он чӣ дар ривоёти фаровон ба он таъкид шуда аст, пур шудани ҷаҳон аз зулму ситам аст ва ин ба маънои золим шудани ҳамаи инсонҳо нест, балки ҳамчунон роҳи Худо раҳравони худро хоҳад дошт ва атри фазилатҳо дар муҳитҳои гуногун ба машом хоҳад расид.
Бинобар ин, ҷаҳони пеш аз зуҳур агар чӣ даврони талхе аст, вале ба даврони ширини зуҳур поён мепазирад ва агар чӣ рўзгори фасод ва ситамгарӣ аст, аммо пок будан ва дигаронро ба хубиҳо даъват кардан аз вазифаҳои аслии мунтазирон аст ва дар ҳар чӣ зудтар расидани зуҳур ва фараҷи Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам таъсири мустақим дорад.
Ин бахшро бо сухане аз Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба поён мебарем, ки фармуд:
"فما يحبسنا عنهم الا ما يتصل بنا مما نُكرِهه و لا نُؤثره منهم".
“Ҳеҷ чиз моро аз шиаён ҷудо накарда аст, магар он чӣ аз корҳои онҳо, ки ба мо мерасад. Амалҳое, ки хушоянди мо нест ва аз шиаён интизори онро надорем ва раво намедонем.”