کد QR مطلبدریافت صفحه با کد QR

Ғайбат

11 مهر 1389 ساعت 14:28

...


Баъд аз ин ки бо шахсияти мунҷии бузурги олам ва таҳаққуқбахши ҳадафҳои Одам саломуллоҳи алайҳ то ба Хотам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва охирин захираи илоҳӣ ҳазрати Ҳуҷҷат ибни Ҳасан Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ошно шудем, акнун дар бораи ғайбати он ягонаи лаврон, ки бахши муҳимме аз зиндагии он ҳазрат аст, сухан мегўем.
Маъно ва мафҳуми ғайбат
Аввалин матлаби қобили тарҳ ин аст, ки ғайбат ба маънои “Пўшида будан аз дидагон” аст на ҳозир набудан. Бинобар ин дар ин бахш сухан аз даврае аст, ки Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз чашмони мардум ғоиб аст ва онҳо ўро намебинанд ва ин дар ҳоле аст, ки он бузургвор дар байни мардум ҳузур дорад ва дар канори онҳо зиндагӣ мекунад. Ин ҳақиқат дар ривоёти имомони маъсум саломуллоҳи алайҳим бо иборатҳои гуногун баён шудааст.
Имом Алӣ саломуллоҳи алайҳ мефармояд:
“Савганд ба Худои Алӣ, ки ҳуҷҷати Худо дар миёни мардум вуҷуд дорад ва дар роҳҳо (кўчаву бозор) гом мебардорад, аз хонаҳои онҳо дидан мекунад, дар шарқу ғарби замин рафту омад мекунад, гуфтори мардумро мешунавад ва барояшон салом мекунад, мебинад вале дида намешавад то вақти (муайян) ва ваъдаи (илоҳӣ).”
Албатта навъи дигаре аз ғайбат низ барои он ҳазрат баён шудааст.
Дуввумин ноиби хосси Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ мегўяд:
“Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ҳар сол дар мавсими ҳаҷ ҳозир мешавад. Мардумро мебинад ва онҳоро мешиносад ва мардум низ ўро мебинанд, вале намешиносанд.”
Бинобар ин дар мавриди Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ғайбат ду гуна рўй медиҳад: Он бузургвор дар мавориде аз чашмон пинҳон аст ва дар мавриди дигар дида мешавад, вале шинохта намешавад, аммо дар ҳар ду ҳол низ дар миёни мардум ҳузур дорад.
Пешинаи ғайбат
Ғайбат ва пинҳон зиндагӣ кардан, чизе нест, ки барои аввалин бор ва танҳо дар мавриди охирин ҳуҷҷати Худованд ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ рзй дода бошад, балки аз ривоёти фаровон истифода мешавад, ки теъдоде аз паёмбарони бузурги илоҳӣ, бахше аз зиндагии худро дар пинҳонӣ ва ғайбат гузаронидаанд ва ин кор ба хотири ҳикмату маслиҳатҳои илоҳӣ буда, на як хостаи шахсӣ ва ё маслиҳати хонаводагӣ. Бинобар ин ғайбат яке аз суннатҳои илоҳӣ аст, ки аст дар зиндагии паёмбароне монанди Идрис, Нўҳ, Солеҳ, Иброҳим, Юсуф, Мўсо, Шуайб, Илёс, Сулаймон, Дониёл ва Исо саломуллоҳи алайҳим ҷараён ёфта аст ва ҳар як аз он фиристодагони илоҳӣ ба таносуби шароит солҳоеро дар ғайбат басар бурдаанд.
Ба ҳамин далел аст, ки дар ривоёт аз ғайбати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба унвони яке аз суннатҳои паёмбарон ёд шуда аст ва яке аз далелҳои ғайбати он ҳазрат иҷро шудани суннати паёмбарон саломуллоҳи алайҳим дар зиндагии ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ шумурда шуда аст.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд аст:
“Ба ростӣ, ки (Имоми) Қоим аз мо ғайбате дорад, ки муддати он тўлонӣ хоҳад буд. Ровӣ мегўяд: Далели ин ғайбат чист эй фарзанди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам?
Ҳазрат мефармояд: Худованд мехоҳад суннатҳои паёмбарон дар ғайбатҳояшон дар бораи он ҳазрат рух бидиҳад.”
Аз сухани боло ин нукта низ ошкор мешавад, ки сухан аз ғайбати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ солҳо пеш аз таваллуди он бузургвор матраҳ буда аст ва пешвоёни исломӣ аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ аз ғайбати он ҳазрат ва баъзе аз хусусиятҳои он ва он чӣ дар замони ғайбар иттифоқ меафтад, хабар додаанд ва низ вазифаҳоеро барои мардуми мўъмин дар он замон баён кардаанд.
Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармудаанд:
“Маҳдӣ аз фарзандони ман аст... барои ў ғайбате аст ва ҳайрате (парешонӣ) то онгоҳ, ки мардум аз динҳои худ гумроҳ шаванд, пас дар он замон ў меояд монанди шаҳоби соқиб (ситораи равшан ва тобон) ва заминро пур аз адлу дод мекунад ҳамон гуна, ки аз зулму ситам пур шуда бошад.”
Фалсафаи ғайбат
Ба ростӣ чаро Имом ва ҳуҷҷати Худо дар паси пардаи ғайбат қарор гирифта аст ва чӣ чиз сабаб шуда, ки мардум аз баракатҳои зуҳури ў маҳрум гарданд?
Дар бораи ин мавзўъ суханони фаровоне гуфта шуда ва ривоёти фаровони низ дар даст аст, вале пеш аз ҷавоб додан ба саволи боло лозим аст ба матлаби асоси ишора кунем:
Мо имон дорем, ки Худованди Мутаол ҳеҷ кори бузург ва кўчакеро ҷуз бар асоси ҳикмат ва маслиҳат анҷом намедиҳад, хоҳ ин маслиҳатҳоро бишносем ё нашносем. Ва низ ҳамаи рўйдодҳои хурду калони олам бо тадбири парвардигор ва бо иродаву хости ў анҷом мегирад, ки яке аз муҳимтарини онҳо ғайбати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аст. бинобар ин ғайбати он сарвари бузургвор низ мутобиқи ҳикмат ва маслиҳат аст, агар чӣ мо фалсафаи онро надонем.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Бе шак барои соҳиби амр саломуллоҳи алайҳ ғайбате аст, ки ҳар аҳли ботиле дар он ба шак меафтад. Ровӣ аз сабаби ғайбат савол кард, ҳазрат фармуд:
Ғайбат ба сабаби чизе аст, ки мо иҷоза надорем онро барои шумо баён кунем...Ғайбат сирре аз асрори илоҳӣ аст, вале чун медонем, ки Худованд Мутаол ҳаким аст мепазирем, ки ҳамаи корҳои ў бар аслси ҳикмат аст ва агар чӣ иллат он корҳо барои мо маълум набошад”
(Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад. Аз мутарҷим.)
Албатта чӣ басо инсоне, ки ҳамаи корҳои Худовандро ҳакимона медонад ва дар баробари онҳо сари таслим фуруд меоварад, аз паи донистани розу рамзи баъзе аз рўйдодҳои олам бошад, то ба сабаби илм ба фалсафаи як падида, оромиши нафс ва итминони қалбии бештаре пайдо кунад. Бинобар ин ба баҳсу баррасӣ дар мавриди ҳикматҳо ва осори ғайбати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ мепардозем ва ба ривоёти марбут ба он ишора мекунем:
Таъдиби мардум
Вақте уммат нисбат ба паёмбар ва имом қадр нашносад ва вазифаҳои худро дар баробари ў анҷом надиҳад, балки аз дастуроти ў нофармонӣ кунад равост, ки Худованд пешво ва имоми онҳоро аз онҳо ҷудо кунад, то ба худ оянд ва дар рўзгори ғайбати ў арзишу баракати вуҷуди ўро дарёбанд ва дар ин сурат ғайбати имом ба маслиҳати уммат аст гарчӣ онҳо надонанд ва дарк накунанд.
Аз Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ ривоят шуда, ки фармуд:
“Вақте Худованд ҳамроҳӣ ва ҳамнишинии моро барои қавме хуш надорад моро аз миёни онҳо баргирад.” (Зоҳиран санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад).
Истиқлол ва дар зери аҳду паймони дигарон набудан
Онҳое, ки аз паи инқилоб ва дигаргун созӣ ҳастанд, ночор дар оғози қиём бо баъзе аз мухолифон аҳду паймоне мебанданд, то битавонанд ҳадафҳои худро пайгирӣ кунанд, вале Маҳдии Мавъуд саломуллоҳи алайҳ он ислоҳкунандаи бузурге аст, ки дар роҳи барпоии инқилоб ва ҳукумати адли ҷаҳонӣ бо ҳеҷ қудрати ситамгаре созиш нахоҳад кард, чун ки бинобар ривоёти фаровон ў маъмур ва вазифадор ба муборизаи қотеъ ва ошкор бо ҳамаи золимон аст. Ба ҳамин хотир то омода шудани шароити инқилоб дар ғайбат хоҳад буд, то маҷбур набошад бо душманони Худо аҳду паймон бубандад.
Дар ривояте аз Имом Ризо саломуллоҳи алайҳ сабаби ғайбати ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ин гуна баён ва муаррифӣ шудааст:
“Барои ин ки он замоне, ки бо шамшер қиём мекунад, касе бар гардани ў байъате надошта бошад.”
(Санади ин ҳадис дар авҷи сиҳҳат мебошад).
Озмоиш ва имтиҳони мардум
Имтиҳон кардани мардум яке аз суннатҳои Худованд аст. Ў бандагони худро ба асбоби гуногун меозмояд, то миқдору мизони устуворияшон дар роҳи ҳақ равшан шавад. Албатта натиҷаи имтиҳон барои Худованд маълум аст, вале дар кураи озмоишҳо, ин бандагон ҳастанд, ки сохта ва ислоҳ мешаванд ва ба ҷавҳари вуҷуди худ пай мебаранд.
Имом Козим саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Ҳангоме, ки панҷумин фарзандам ғоиб шуд, мувозиби дини худ бошед, то касе шуморо аз он хориҷ накунад. Барои соҳиби ин амр (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) ғайбате хоҳад буд, ки гурўҳе аз пайравони ў аз эътиқоди худ даст мебардоранд ва ин ғайбат имтиҳоне аст, ки Худованд бо он бандагонашро озмоиш мекунад.”
Ҳифзи ҷони Имом 
Яке аз чизҳое, ки сабаби канорагирии паёмбарон аз қавми худ мешуд, ҳифзи ҷони худ буд. Онҳо барои ин ки битавонанд дар фурсатҳои дигар рисолати худро ба анҷом бирасонанд дар шароите, ки мавриди таҳдид қарор мегирифтанд пинҳон мешуданд ҳамон гуна, ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз Макка берун рафт ва дар ғор пинҳон шуд. Албатта ҳамаи инҳо бо дастуру иродаи Худованд аст. Дар бораи ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва иллати ғайбати он ҳазрат низ дар ривоёти гуногун чунин чизе баён шудааст.
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Имоми Мунтазар, пеш аз қиёми худ муддате аз чашмҳо ғоиб хоҳад шуд. Аз иллату сабаби он савол шуд, ҳазрат фармуд: Бар ҷони худ бимнок аст.”
Ҳар чанд шаҳодат орзуи мардони Худост, вале шаҳодате матлуб аст, ки дар майдони анҷоми вазифаи илоҳӣ ва ба маслиҳати ҷомеа ва дини Худо бошад. Аммо онгоҳ, ки кушта шудани шахс ба маънои ҳадар рафтан ва аз даст рафтани ҳадафҳо бошад, тарс аз кушта шудан кори ақлӣ ва писандида аст. Кушта шудани Имоми дувоздаҳум, ки охирин захираи илоҳӣ аст ба маънои фурў рехтани каъбаи умед ва орзуи тамоми анбиё ва авлиё саломуллоҳи алайҳим ва таҳаққуқ наёфтани ваъдаи Парвардигор дар ташкили ҳукумати адли ҷаҳонӣ аст.
Гуфтанӣ аст, ки дар ривоёт нуктаҳои дигаре низ дар мавриди сабаби ғайбати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ баён шуда аст, ки барои риояти ихтисор аз зикри онҳо худдорӣ мешавад, вале он чӣ муҳим аст ин ки ҳамон гуна, ки пеш аз ин гузашт “ғайбат” сирре аз асрори илоҳӣ аст ва иллату сабаби асосии он пас аз зуҳури он ҳазрат ошкор хоҳад шуд. Ва он чӣ баён шуд иллатҳое аст, ки дар ғайбати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ таъсиргузор будааст.


کد مطلب: 547

آدرس مطلب :
https://www.ayandehroshan.ir/article/547/ғайбат

آینده روشن
  https://www.ayandehroshan.ir