کد QR مطلبدریافت صفحه با کد QR

Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар як нигоҳ

11 مهر 1389 ساعت 14:33

...


Охирин имоми шиаён ва дувоздаҳумин ҷонишини Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар сапедадами ҷумъа, нимаи соли 255 ҳиҷрӣ қамарӣ (соли 868 милодӣ) дар Сомирро яке аз шаҳрҳои Ироқ, ба дунё омад.
Падари гиромии ў, пешвои ёздаҳуми шиаён ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ ва модари бузургвори он ҳазрат, бонуи шоиста ба номи “Нарҷис” буд, ки дар бораи миллияти вай ривоятҳо мухталиф мебошад. Бинобар ривояте он ҳазрат духтари “Яшўъ” писари импературии Рум буда ва модараш аз насли Шамъун васии ҳазрати Исо саломуллоҳи алайҳ аст. Бинобар ин ривоят Нарҷис дар паи як хоби шигифтовар мусулмон шуд ва ба ҳидояти Имоми Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ худро дар миёни лашкари Рум, ки барои ҷанг бо мусулмонон ҳаракат карда буданд, қарор дод ва ҳамроҳи гурўҳе асири лашкари Ислом шуд. Имом Ҳодӣ саломуллоҳи алайҳ касеро фиристод, ки ўро харидорӣ кард ва ба Сомирро овард.
Ривояти дигаре низ нақл шуда аст, вале он чӣ муҳим ва қобили таваҷҷўҳ аст ин ки ҳазрати Нарҷис алайҳо салом муддате дар хонаи Ҳакима хотун –аз хоҳарони бузургвори Имоми Ҳодӣ саломуллоҳи алайҳ- буда ва зери таълиму тарбияти эшон қарор гирифта аст ва мавриди эҳтироми фаровони Ҳакима алайҳо салом будааст.
Ҳазрати Нарҷис алайҳо салом он бонуе аст, ки солҳо пеш дар каломи Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Амиралмўъминин саломуллоҳи алайҳ ва Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ мавриди ситоиш қарор гирифта ва аз ў ба унвони беҳтарин канизон ва сарвари онҳо ёд шудааст.
Гуфтанӣ аст, ки модари Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ба номҳои дигаре монанди Сусан, Райҳона, Малика ва Сайқал (Суқайл) низ хонда мешавад.
Ном, куня ва лақабҳо
Ному куняи Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ҳамон ному куняи Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва дар баъзе аз ривоёт аз бурдани номи он ҳазрат то ҳангоми зуҳури эшон наҳй шудааст.
Лақабҳои машҳури он ҳазрат иборатанд аз: Маҳдӣ, Қоим, Мунтазар, Бақияталлоҳ, Ҳуҷҷат, Халафус-солеҳ, Мансур, Соҳибул амр, Соҳибуз-замон ва Валии аср, ки маъруфтарини онҳо Маҳдӣ мебошад.
Ҳар як аз ин лақабҳо баёнгари паёми махсусе дар мавриди он бузургвор мебошад.
Он ҳазратро Маҳдӣ гуфтаанд, чун ки ҳидоятшудае аст, ки мардумро ба сўи ҳақ мехонад ва Қоим номидаанд, чун барои ҳақ қиём хоҳад кард ва Мунтазар номидаанд, чун ки ҳамагон дар интизори омадани ў ҳастанд ва Бақияталлоҳ лақаб додаанд, чаро ки боқимондаи ҳуҷҷатҳои Худо ва охирин захираи илоҳӣ мебошад.
Ҳуҷҷат ба маънои гувоҳи Худо бар халқ ва Халафи солеҳ ба маънои ҷонишини шоиста барои авлиёи Худост. Ў Мансур аст, чун аз ҷониби Худои Мутаол ёрӣ мешавад ва Соҳибул амр аст, чун амри барпоии ҳукумати адли илоҳӣ бар ўҳдаи ўст. Соҳибуз замон ва Валии аср ба ин маъно аст, ки ў ҳоким ва фармондеҳи ягонаи ин замон аст.
Чӣ гунагии вилодат
Дар ривоятҳои фаровон, аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нақл шуда аст, ки марде аз хонадони ў ба номи Маҳдӣ қиём хоҳад кард ва зулму ситамро аз байн хоҳад бурд. Хулафои золими аббосӣ бо иттилоъ аз ин ривоёт дар паи он буданд, ки дар ҳамон ибтидои таваллуди Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ўро ба қатл бирасонанд. Бинобар ин аз замони Имоми Ҷавод саломуллоҳи алайҳ (Имоми нуҳум) зиндагии имомони маъсум бо маҳдудиятҳои бештаре ҳамроҳ гашт ва дар замони Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ (Имоми ёздаҳум) ба авҷи худ расид ба гунае, ки камтарин рафту омад ба хонаи он бузургвор аз назари дастгоҳи ҳукуматӣ пинҳон набуд. Равшан аст, ки дар чунин шароите, бояд таваллуди охирин ҳуҷҷати Худо ва Мавъуди илоҳӣ дар пинҳонӣ ва дур аз чашми дигарон бошад. Ба ҳамин далел ҳатто наздикони Имоми ёздаҳум аз достони таваллуди Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ бехабар буданд ва то чанд соат пеш аз таваллуд ҳам нишонаҳои бордорӣ дар Нарҷис хотун модари бузургвори Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дида нашуд. Ҳакима хотун духтари гиромии Имоми Ҷавод саломуллоҳи алайҳ достони таваллудро ингуна ҳикоят мекунад:
“Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ ба дунболи ман фиристод ва фармуд: Эй амма! Имшабро вақти ифтор назди мо бош! Чун ки шаби нимаи шаъбон аст ва Худованд дар ин шаб (охирин) ҳуҷҷати худ бар рўи заминро ошкор хоҳад кард. Пурсидам: Модари ў кист? Фармуд: Нарҷис. Гуфтам: Фидои шумо шавам! Нишонаи бордорӣ дар ў пайдо нест! Фармуд: Сухан ҳамон аст, ки гуфтам! Пас ба назди Нарҷис ворид шудам ва салом карда шинастам. Ў пеш омад, то кафшҳоямро берун оварад ва ба ман гуфт: Бонуи ман ҳоли шумо чӣ хел аст? Гуфтам: Балки ту бонуи ман ва бонуи хонадони манӣ! Сухани маро напазируфт ва гуфт: Аммаҷон чӣ мефармоед! Гуфтам: Духтарам имшаб Худованди Мутаол ба ту писаре ато мефармояд, ки сарвари дунё ва охират хоҳад буд. Пас хиҷолат кашиду ҳаё кард.
Ҳакима мегўяд: Пас аз намози хуфтан ифтор кардам ва дар бистари худ оромидам ва ҳангоми нимаи шаб барои анҷоми намози шаб бархостам ва онро ба ҷой овардам дар ҳоле, ки Нарҷис ба оромӣ хобида буд, бидуни он ки иттифоқе барояш рух диҳад. Баъд аз анҷоми таъқиботи намоз (тасбеҳ ва дуоҳои намоз) хобидам. Сипас ҳаросон бедор шудам дар ҳоле, ки ў ҳамчунон хобида буд. Лаҳазоте баъд бедор шуд ва намози шабашро хонду боз хобид.
Ҳакима идома медиҳад: Берун омадам ва дар ҷустуҷўи фаҷр (сапеда) ба осмон нигаристам, пас фаҷри авал (мақсад сафедие аст, ки каме пеш аз азони субҳ дар уфуқ дида мешавад)-ро мушоҳида кардам ва Нарҷис ҳам чунон дар хоб буд. Пас ба шак афтодам! Ногаҳон Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ аз ҷойгоҳи худ нидо баровард: Эй амма шитоб накун! Амр (таваллуд) наздик аст. Нишастам ва ба қироати сураҳои Саҷда ва Ёсин машғул шудам, ки Нарҷис бо изтироб бедор шуд. Бо шитоб ба назди ў рафта гуфтам: “Исмиллоҳи алайки” (номи Худо бар ту бод) Оё чизе эҳсос мекунӣ? Гуфт: Оре эй амма! Гуфтам: Бар худ мусаллат бош ва дилатро устувор дор, ки ин ҳамон аст, ки ба ту гуфтам. Дар ин ҳангом заъфу нотавоние ману Нарҷисро фаро гирифт, пас бо садои сарварам (навзоди таваллуд шуда) ба худ омадам ва ҷомаро аз рўи ў бардоштам ва ўро дар ҳоли саҷда дидам! Дар оғушаш гирифтам ва ўро комилан покиза ёфтам!
Дар ин ҳангом Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ маро нидо кард: Эй амма! Писарамро ба назди ман биёвар! Ўро ба назди вай бурдам... дар оғушаш гирифту фармуд: Писарам сухан бигў! Пас лаб ба сухан кушоду фармуд: “Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ” сипас ба Амиралмўъминин ва имомон саломуллоҳи алайҳим дуруд фиристод то ба номи падараш расид ва аз сухан гуфтан боз истод. Имоми Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд: Эй амма ўро ба назди модараш бубар то бар ў салом кунад...
Ҳакима мегўяд: Фардои он рўз ба назди Имоми ёздаҳум рафтам ва бар он ҳазрат салом кардам ва пардаро канор задам, то мавлоям (Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ)-ро бубинам, вале ўро надидам ва ба ин хотир аз падари бузургвораш пурсидам: Фидои шумо шавам! Барои мавлои ман чӣ иттифоқе рух дода аст? Он ҳазрат ҷавоб доданд: Эй амма! Ўро ба он касе (Худое) супурдам, ки модари Мўсо, Мўсоро ба ў супурд.
Ҳакима мегўяд: Чун рўзи ҳафтум фаро расид омадам ва салом кардам ва нишастам. Имом фармуд: Фарзандамро ба назди ман биёвар! Ман сарварамро овардам ... Имом фармуд: Фарзандам! Сухан бигў! Навзод лаб кушоду баъд аз гувоҳӣ ба ягонагии Худованд ва дуруд ба Паёмбари гиромӣ ва падарони бузургвораш ин оятҳоро тиловат фармуд:
"بسم الله الرحمن الرحيم ونريد ان نمنّ على الذين استُضعِفوا في الارض و نجعلهم ائمة و نجعلهم الوارثين و نُمكِّن لهم في الارض و نُرِيَ فرعون و هامان و جنودهما منهم ما كانوا يحذرون".
«Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. Ва мо ирода кардем бар мустазъафони замин миннат гузорем ва онҳоро пешвоёну ворисони рўи замин қарор диҳем ва ҳукуматашонро дар замин по бар ҷо созем ва бар Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон он чиро, ки аз он (Бани Исроил) тарс доштанд нишон диҳем». -
Шамоил ва хусусиятҳо
Дар ривоёти Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Аҳли Байти он ҳазрат саломуллоҳи алайҳим шамоил ва сифатҳои ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ баён шуда аст, ки ба баъзеи онҳо ишора мешавад:
Он бузургвор чеҳрааш ҷавон ва гандумгун, пешонияш баланд ва тобанда, абрувонаш ҳилолӣ ва кашида, чашмонаш сиёҳ ва дурушт, бинияш кашида ва зебо ва дандонҳояш барроқ ва гушода аст. Бар гўнаи рости он ҳазрат холи сиёҳ ва дар миёнаи шонааш асаре монанди асари набувват дида мешавад ва андоми муборакаш мутаносиб ва дилрабост.
Баъзе аз вижагиҳои он ҳазрат, ки дар суханони имомони маъсум саломуллоҳи алайҳим баён гардида, аз ин қарор аст:
“Ў аҳли ибодат ва шабзиндадорӣ, зўҳду содазистӣ, сабру бурдборӣ, адолат ва некўкорӣ аст. Он ҳазрат саромади ҳамагон дар илму дониш ва вуҷуди нозанинаш чашмасори баракат ва покӣ аст. Ў аҳли қиём ва ҷиҳод, раҳбари ҷаҳонӣ, инқилобии бузург, охирин мунҷӣ ва ислоҳкунандаи ваъда шуда ба башарият аст. Он вуҷуди нуронӣ аз табори Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аз авлоди Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва нуҳумин фарзанд аз насли Саййидуш шуҳадо (Имом Ҳусайн) саломуллоҳи алайҳ аст, ки ба ҳангоми зуҳур ба Каъба такя кунад ва парчами Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро дар даст гирад ва бо қиёми худ дини Худоро зинда ва аҳкоми Худовандро дар саросари гетӣ ҷорӣ кунад ва ҷаҳонро пур аз меҳрубонӣ ва адолат гардонад баъд аз он ки пур аз зулму бедодӣ шуда бошад.”
Зиндагии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ шомили се давраи пурфарозу нишеб аст:
1-Давраи пинҳонӣ: Зиндагии пинҳонии он ҳазрат аз оғози вилодат то замони шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ аст.
2-Даврони ғайбат: Аз замони шаҳодати Имоми ёздаҳум саломуллоҳи алайҳ сар шуда то ҳар замоне, ки ба иродаи Худованд зуҳур кунад, идома хоҳад дошт.
3-Асру замони зуҳур: Пас аз гузаштани замони ғайбат ва ба хости Парвардигори ҷаҳон, Имоми дувоздаҳум ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ зуҳур хоҳад кард ва дунёро пур аз хубиҳо ва зебоиҳо хоҳад намуд. Ҳеҷ касе замони зуҳури он Мавъуди Мунтазарро намедонад ва аз Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ривоят шуда, ки: Ҳар, ки барои зуҳури он ҳазрат замоне таъйин кунад дурўғгў мебошад.


کد مطلب: 550

آدرس مطلب :
https://www.ayandehroshan.ir/article/550/имом-маҳдӣ-саломуллоҳи-алайҳ-дар-як-нигоҳ

آینده روشن
  https://www.ayandehroshan.ir