Қиём ва инқилоби ҷаҳонии Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ нишонаҳои дорад. Донистани ин аломатҳо осори муҳимме дар пай хоҳанд дошт. Аз он ҷо ки ин нишонаҳо навидбахши фараҷи Маҳдии Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст, вуқўи ҳар як аз онҳо нури умедро дар дилҳои мунтазир, пур фурўғтар хоҳад кард ва барои муонидону гумроҳон мояи тазаккур ва ҳушдор хоҳад буд, то аз бадӣ ва фасод даст бардоранд ҳамчунон, ки мунтазиронро барои дарки зуҳур ва касби қобилияти ҳамроҳӣ ва ҳузур дар канори маъсум саломуллоҳи алайҳ муҳайётар хоҳад кард. Илова бар ин ки огоҳӣ аз иттифоқоте, ки дар оянда рух хоҳад дод метавонад моро дар барномарезии муносиб барои рў ба рўии беҳтар бо онҳо ёрӣ диҳад. Ҳамон гуна, ки ин аломатҳо меъёри хубе барои ташхиси муддаиёни дурўғини Маҳдавият аст. Бинобар ин, агар касе иддаои Маҳдавият кард, вале қиёми ў ҳамроҳ бо ин аломатҳо набуд ба соддагӣ метавон ба дурўғгў будани ў пай бурд.Дар ривоёти пешвоёни маъсум саломуллоҳи алайҳим аломатҳои фаровоне барои зуҳур зикр шуда аст, ки баъзеи онҳо падидаҳои табиӣ ва оддӣ ва баъзеҳо ғайри оддӣ ва мўъҷизавор ҳастанд. Мо аз миёни ин аломатҳо аввал онҳоеро, ки дар манобеи мўътабар ва ривоёти бештар ба сурати барҷаста зикр шударо баён мекунем ва дар поён баъзе аз аломатҳои дигарро низ мухтасар хоҳем шумурд.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар ривояте фармудаанд:“(Қиёми) Қоим саломуллоҳи алайҳ панҷ то нишона дорад: Хуруҷи Суфёнӣ, Ямонӣ, нидои осмонӣ, кушта шудани Нафси Закия ва Хасфи Байдо.” Акнун бо таваҷҷўҳ ба ривоёт, аломатҳои панҷгонаи ёд шударо, ки дар чандин ривоят такрор шуда аст, тавзеҳ медиҳем, гарчӣ тамоми ҷузъиёти ҳаводиси марбут ба онҳо барои мо қатъӣ нест.1-Хуруҷи Суфёнӣ Хуруҷи Суфёнӣ аз аломатҳое аст, ки дар ривоёти фаровоне ба он ишора шуда аст. Суфёнӣ марде аз насли Абўсуфён аст, ки андаке пеш аз зуҳури Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аз сарзамини Шом (Бар ин ки Суфёнӣ аз сарзамини Шом қиём мекунад дар китобҳои аҳли суннат низ ҳадис ривоят шуда ва бар ин матлаб ишора шудааст. Канзул уммол ҷ.11. саҳ.284 ҳадиси 31536.) қиём мекунад. Ў ҷинояткоре аст, ки аз қатлу куштор ҳеҷ парвое надорад ва бо душманони худ ба шакли дилхароше бархўрд мекунад.Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар васфи ў мефармояд:“Агар Суфёниро бубинӣ палидтарини мардумро мушоҳида кардаӣ.” Оғози қиёми ў моҳи Раҷаб аст. Вай баъд аз ба даст гирифтани Шом ва мантақаҳои атрофи он ба Ироқ ҳамла карда ва дар он ҷо ба куштори густардае даст мезанад.Бар асоси баъзе аз ривоёт аз зуҳур то кушта шудани ў 15 моҳ вақт мегузарад. 2-Хасфи Байдо Хасф ба маънои фурў рафтан аст ва Байдо мантақае аст миёни Макка ва Мадина.Манзур аз Хасфи Байдо ин аст, ки Суфёнӣ лашкареро барои муқобила бо Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба тарафи Макка гусел мекунад. Ҳангоме, ки лашкари ў ба мантақаи Байдо расид ба сурати мўъҷизавор ба замин фурў мераванд. (Ба ин мўъҷиза ва воқеият дар китобҳои аҳли суннат низ аз Умми Салама, Ҳафса, Абдуллоҳ ибни Умар ахбор ривоят шуда ва ба он ишора шуда аст: “Муснад”-и Аҳмад ҷ.6.с.259-286-287-316. “Ал-Фитан”-и Нуайм ибни Ҳаммод саҳ.202 ва дигарон.)Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ дар ин бора фармуд:“Ба фармондеҳи сипоҳи Суфёнӣ хабар мерасад, ки Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ба тарафи Макка рафта аст, пас лашкареро аз паи Ў равона мекунад, вале Ўро намеёбад ... Вақте лашкари Суфёнӣ ба сарзамини Байдо расид нидо диҳандае аз осмон садо мекунад: Эй сарзамини Байдо онҳоро нобуд кун. Пас он сарзамин лашкарро дар худ фурў мебарад.” 3-Хуруҷи Ямонӣ Қиёми сардоре аз сарзамини Яман яке дигар аз аломатҳое аст, ки андаке пеш аз зуҳури Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ рух хоҳад дод. Вай, ки марди солеҳ ва мўъмин аст бар зидди бадиҳо ва гумроҳиҳо қиём мекунад ва бо тамоми тавон бо бадиҳо ва табоҳиҳо мубориза мекунад. Албатта ҷузъиёти ҳаракат ва иқдомоти ў барои мо чандон равшан нест.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ дар ин бора мефармояд:“... Дар миёни байрақҳое, ки (пеш аз қиёми Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ баланд мешавад) парчаме ҳидояткунандатар аз парчами Ямонӣ вуҷуд надорад, ки он парчами ҳидоят аст, чун ба сўи соҳиби шумо (Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ) даъват мекунад.” 4-Сайҳаи осмонӣ Яке дигар аз аломатҳое, ки пеш аз зуҳур иттифоқ меафтад сайҳаи осмонӣ аст. Ин нидои осмонӣ, ки бар асоси баъзе аз ривоёт нидои Ҷабраил саломуллоҳи алайҳ аст дар моҳи Рамазон шунида мешавад ва аз он ҷо ки қиём Муслиҳи кул Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ инқилоби ҷаҳонӣ аст ва ҳамагон мунтазири вуқўи он ҳастанд яке аз роҳҳои огоҳии мардуми ҷаҳон аз ин руйдод ҳамин нидои осмонӣ хоҳад буд.Имом Боқир саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Қиёми Қоим саломуллоҳи алайҳ таҳаққуқ намеёбад, магар ин ки нидодиҳандае аз осмон нидое диҳад, ки аҳли Машриқ ва Мағриб онро бишнаванд.” Ин сайҳа ҳамчунон, ки сабаби шодмонии мўъминон аст ҳушдоре барои бадкорон аст, то аз кирдори зишти худ даст кашида ва ба ҳалқаи ёрони муслиҳи ҷаҳонӣ бипайванданд.Дар бораи мўҳтавои ин нидои осмонӣ ривоёти мухталифе расида аст аз ҷумла Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:“Нидо кунандае аз осмон ба номи Қоим саломуллоҳи алайҳ ва номи падараш нидо медиҳад.” 5-Қатли Нафси Закия Нафси Закия ба маънои шахси ба рушду камол расида ва ё инсони пок ва бе гуноҳе аст, ки кушторе анҷом надода аст ва манзур аз қатли Нафси Закия ин аст, ки андаке пеш аз қиёми Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ шахсияти барҷастае ё бе гуноҳе ба дасти мухолифони Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ кушта мешавад.Замони ин воқеа бар асоси баъзе аз ривоёт 15 шаб пеш аз қиёми Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ аст. Имоми Содиқ саломуллоҳи алайҳ дар ин бора мефармояд:“Байни қиёми Қоими Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва кушта шудани Нафси Закия танҳо 15 шаб фосила аст.” Аломатҳои фаровони дигаре низ дар ривоёт зикр шуда аст, ки баъзеи аз онҳо иборатанд аз:Хуруҷи Ҷаддол (мавҷуде ҳилагар ва палид, ки бисёре аз инсонҳоро гумроҳ мекунад), хуршед гирифтагӣ ва моҳ гирифтагӣ дар моҳи мубораки Рамазон, (Дар китобҳои аҳли суннат низ ба ин нишона ишора шуда аст: Ал-Фитан”-и Нуайм ибни Ҳаммод саҳ.133.) ошкор шудани фитнаҳо ва қиёми марде аз Хуросон.Гуфтанӣ аст, ки тавзеҳ ва таҳлили ин нишонаҳо дар китобҳои муфассал баён шудааст.