تاریخ انتشاريکشنبه ۱۱ مهر ۱۳۸۹ ساعت ۱۴:۲۳
کد مطلب : ۵۴۴
۰
plusresetminus
...
Дидори ёр
Аз сахтаиҳо ва талхиҳои даврони ғайбат, дурии шиаён аз мавлои худ ва маҳрум мондан аз дидори ҷамоли он Юсуфи бе ҳамтост. Бо сар шудани рўзгори ғайбат, мунтазирони зуҳур ҳамеша дар ҳасрати тамошои он сарвари баланд фазилат сўхтаанд ва оҳи ҷудоӣ аз дил кашидаанд! Албатта дар даврони ғайбати суғро шиаён ба василаи ноибони хос бо Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ иртибот доштанд ва баъзе аз онҳо ба файзи ҳузури он бузургвор расиданд чунон, ки дар ин бора ривоёти фаровон вуҷуд дорад, вале дар даврони ғайбати кубро, ки рўзгори ғайбати комили Имом саломуллоҳи алайҳ аст, ин робита қатъ гардид ва имкони шарафёбӣ ба маҳзури он ҳазрат ба шакли маъмул ва аз тариқи афроди махсус, аз байн рафт.
Бо ин ҳол бисёре аз олимон эътиқод доранд, ки дар ин замон низ мулоқот бо он ҳазрат имкон дорад ва борҳо иттифоқ афтода аст. Достони шарафёбии бузургоне монанди алломаи Баҳрул Улум, Муқаддаси ардабилӣ, Сайид ибни Товус ва монанди онҳо маъруф ва машҳур аст ва дар китобҳои олимони бузург нақл гардида аст.
Аммо лозим аст, ки дар бораи баҳси мулоқот бо Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ба нукоти зер таваҷҷўҳ шавад:
Нуктаи аввал ин ки мулоқот бо Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ гоҳе дар ҳолати изтирор ва дармондагии афрод рух медиҳад ва гоҳе дар ҳолати оддӣ ва ба дур аз изтирор. Ба баёни равшантар гоҳе мулоқотҳо барои дастгирии Имом саломуллоҳи алайҳ аз касоне аст, ки дар шароите гирифтор шудаанд ва эҳсоси танҳои ва бе касӣ ба онҳо даст додааст монанди достони мулоқоти бисёре аз афрод, ки дар маконҳои мухталиф монанди сафари хонаи Худо роҳро гум кардаанд ва Имом саломуллоҳи алайҳ ва ё яке аз асҳоби он ҳазрат онҳоро аз саргардонӣ наҷот додааст ва аксари мулоқотҳо аз ин қабил мебошад.
Вале дар мавориде мулоқотҳо дар ҳолати ғайри изтирорӣ буда аст ва мулоқоткунанда ба хотири мақоми маънавӣ ва бахусусе, ки дошта ба ҳузури Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ шарафёб шудааст.
Бо таваҷҷўҳ ба матлаби боло, бояд таваҷҷўҳ дошт, ки иддаои мулоқот ва дидори он ҳазрат аз касе пазируфта нест.
Нуктаи дуввум ин ки дар тўли муддати ғайбати кубро ва ба хусус дар замони мо, касоне бо иддаои мулоқот бо Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ дар паи ҷамъ кардани мардум ва ному ноне барои худ будаанд ва аз ин роҳ бисёре аз мардумро ба гумроҳӣ дар ақида ва амал кашондаанд. Бо тавсияи хондани баъзе дуоҳо ва анҷоми баъзе амалҳо, ки бисёре аз онҳо ҳеҷ аслу асосе надорад ва бо даъват аз муштоқони дидор барои ширкат дар ҷаласаҳое, ки мўҳтавои қобили қабуле надорад, ваъдаи дидори ҳуҷҷати Худоро медиҳанд ва ин гуна амри мулоқот бо он Имоми ғоиб саломуллоҳи алайҳ-ро кори осон ва дар дастраси ҳамагон ҷилва медиҳанд. Дар ҳоле, ки бидуни шак он ҳазрат бар тибқи иродаи Парвардигор дар ғайбати комил қарор гирифта аст ва ҷуз барои афроди ангушт шумор, ки танҳо роҳи наҷоти онҳо инояти мустақими он мазҳари лутфи илоҳӣ аст, рух наменамояд.
Ва нуктаи севвум ин ки: Ҷараёни мулоқот танҳо дар сурате мумкин аст, ки Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ маслиҳатро дар вуқўи он бубинад. Бинобар ин ҳаргоҳ бо вуҷуди ҳама шўру иштиёқи як дилдода ва кўшиши ў барои шарафёбӣ ба маҳзари Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ, мулоқоте рух надиҳад набояд гирифтори ноумедӣ шавад ва ин роҳро нишонаи набудани лутфу инояти он ҳазрат бар худ надонад ҳамон гуна, ки он касе, ки ба файзи мулоқот бо он ҳазрат ноил шуд, ин дидор нишонаи он нест, ки дар тақво ва фазилат ба камол расида бошад.
Ҷони сухан ин ки, агар чӣ дидани ҷамоли нуронии Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ ва сухан гуфтан бо он маҳбуби дилҳо саодати бузурге аст, аммо имомони мо ва ба хусус ҳазари Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз шиаён нахостаанд, ки аз паи дидор бо Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ бошанд ва барои расидан ба ин мақсад чилла нишинӣ карда ва ё биёбонгардиро ихтиёр кунанд, балки дар калимоти пешвоёни маъсум саломуллоҳи алайҳим суфориши фаровон шудааст, ки шиаён ҳамеша ба ёди он ҳазрат буда ва барои фараҷи (зуҳури) он ҳазрат дуо кунанд ва дар ҷалби ризояти он ҳазрат дар гуфтору кирдор бикўшанд ва дар роҳи ҳадафҳои бузурги он ҳазрат қадам бардоранд, то ҳар чӣ зудтар заминаи зуҳури он умеди башарият фароҳам шавад ва олам аз файзи мустақими Ў баҳраманд шавад.
Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ худ мефармояд:
"اكثِروا الدعاء بتعجيل الفرج فانَّ ذلك فرجكم".
“Барои таъҷили фараҷ (зудтар расидани замони зуҳури Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ) дуо кунед, ки фараҷи шумо низ ҳамон (зуҳури Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ) аст.” (Санади ин ҳадис ҳасан (хуб) аст.
Дар ин ҷо муносиб аст, ки достони ширини мулоқоти марҳури ҳоҷи Алии бағдодиро, ки аз хубони рўзгори худ буда аст нақл кунем, вале ба хотири ин ки хулосагўиро риоят карда бошем ба баёни нуктаҳои муҳимми он басанда мекунем:
“Он марди шоиста ва бо тақво ҳамеша аз Бағдод ба Козимайн (ду шаҳри Ироқ) мерафт ва ду Имоми бузургвор ҳазрати Ҷавод ва ҳазрати Козим алайҳимо салом-ро зиёрат мекард. Ў мегўяд: Миқдоре хумс ва ҳуқуқи молӣ бар ўҳдаам буд. Ба ҳамин хотир ба Наҷаф рафтам ва бист тумани онро ба олими фақеҳ ва вораста Шайх Ансорӣ раҳматуллоҳи алайҳ ва бист тумани онро ҳам ба олими фақеҳ Муҳаммад Ҳусайни козимӣ раҳматуллоҳи алайҳ ва бист туман ҳам ба Оятуллоҳ Шайх Муҳаммад Ҳасани Шаруқӣ раҳматуллоҳи алайҳ додам ва тасмим гирифтам, ки бист тумани дигар аз қарздории худро баъд аз баргашт ба Бағдод ба Оятуллоҳ Оли Ёсин раҳматуллоҳи алайҳ бипардозам. Рўзи панҷшанбе ба Бағдод баргаштам. Аввал ба тарафи Козимайн рафтам ва ду имоми бузургворро зиёрат кардам ва баъд аз он ба хонаи Оятуллоҳ Оли Ёсин рафтам ва бахше аз боқимондаи қарзи шаръии худро ба Ў додам ва аз Ў иҷоза гирифтам, ки боқимондаи онро кам-кам ба ў ва ё касе, ки ўро мустаҳақ бидонам бипардозам. Эшон хеле аз ман хост, ки наздаш бимонам, аммо ба хотири корҳои зарурӣ узрхоҳӣ карда ва Худо ҳофизӣ кардам ва ба тарафи Бағдод ҳаракат кардам. Вақте як севвуми роҳро рафта будам бо сайиди бузургвори бо виқоре рў ба рў шудам. Ў аммомаи (саллаи) сабзе бар сар дошт ва дар гунааш холи сиёҳе ошкор ва намоён буд ва барои зиёрат ба тарафи Козимайн мерафт. Наздики ман омад ва салом кард ва бо гармӣ ба ман даст дод ва маро дар оғўш гирифт ва ба синааш часпонид ва ба ман хушомад гуфт ва фармуд: Ба хайр аст, куҷо меравӣ?
Гуфтам: Зиёрат карда ва акнун ба Бағдод меравам. Гуфт: Шаби ҷумъа аст баргард ба Козимайн (ва ин шабро дар он ҷо бимон)! Гуфт: метавонӣ баргард, то гувоҳӣ диҳам, ки аз дўстони бобоям Амиралмўъминин Алӣ саломуллоҳи алайҳ ва аз дўстони мо ҳастӣ ва Шайх низ гувоҳӣ медиҳад. Худованд мефармояд: “Ду нафарро шоҳид бигиред. ”
Ҳоҷи Алии бағдодӣ мегўяд: Ман пеш аз ин аз Оятуллоҳ Оли Ёсин хоста будам, ки барои ман санаде бинависад ва дар он гувоҳӣ диҳад, ки ман аз шиаёну дўстдорони Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастам, то он номаро дар кафани худ қарор диҳам. Аз Сайид пурсидам: Аз куҷо маро шинохтӣ ва чӣ гуна ин гувоҳиро медиҳӣ? Фармуд: Чӣ гуна инсон касеро, ки ҳаққи ўро комилан мепардозад намешиносад?! Гуфтам: Кадом ҳақ?! Фармуд: Ҳамон ҳуқуқе, ки ба вакили ман додӣ. Гуфтам: вакили шумо кист? Фармуд: Шайх Муҳаммад Ҳасан! Гуфтам: Оё ў вакили шумо аст? Фармуд: Оре.
Аз гуфтори ў шигифтзада шудам фикр кардам миёни ў ва ман дўстии деринае аст, ки ман фаромўш кардаам, чун дар бархўрди аввал маро бо номам садо зад! Ва гумон кардам аз ман интизор дорад, ки маблағе аз он хумс, ки бар ўҳда дорам ба ин хотир, ки аз насли Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ба Ў бидиҳам. Бинобар ин гуфтам: Аз ҳуқуқи шумо фарзандони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам миқдоре дар назди ман ҳаст ва иҷоза гирифтаам, ки онро масраф кунам. Табассум карду гуфт: Оре, миқдоре аз ҳуқуқи моро дар Наҷаф ба вакилони мо пардохтӣ. Пурсидам: Оё ин амал пазируфтаи даргоҳи илоҳӣ аст? Фармуд: Оре! Ба худ омадам, ки чӣ гуна ин Сайид бузургтарин олимони замонро вакили худ мехонад. Аммо бори дигар дучори ғафлат шудам ва мавзўъро фаромўш кардам.
Гуфтам: Сарварам! Оё дуруст аст, ки мегўянд: Ҳар кас дар шаби ҷумъа Имом Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ-ро зиёрат кунад (аз азоби Худо) дар амон аст? Гуфт: Оре. Ва дар ҳамон ҳол чашмонаш пур аз ашк шуд ва гиря кард. Чизе нагузашт, ки дидам дар ҳарами мутаҳҳари Козимайн ҳастем бе он ки аз хиёбонҳо ва кўчаҳое, ки ба ҳарам мерасад убур карда бошем. Канори дари вурудӣ истодем. Гуфт: Зиёрат бихон! Гуфтам: Сарварам! Ман наметавонам хуб бихонам. Гуфт: Оё ман бихонам, то бо ман зиёрат кунӣ? Гуфтам: Оре.
Ў сар кард ва ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва яко яки имомон саломуллоҳи алайҳим, салом гуфт ва пас аз номи мубораки Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ ба ман рўй карду гуфт: Оё имоми замонатро мешиносӣ? Гуфтам: Чӣ гуна намешиносам. Гуфт: Пас бар ў салом бикун! Гуфтам: “Ассалому алайка ё ҳуҷҷаталлоҳи ё соҳибаз-замон ябнал Ҳасан. Табассум кард ва фармуд: Алайкас салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Пас вориди ҳарам шудем ва зареҳро бўсидем, фармуд: Зиёрат бихон! Гуфтам: Сарварам! Наметавонам хуб бихонам. Фармуд: Оё бароят бихонам? Гуфтам: Оре. Ў зиёрати машҳар ба “Аминуллоҳ”-ро хонд ва онгоҳ фармуд: Оё бобоям Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ-ро зиёрат мекунӣ? Гуфтам: Оре, имшаб шаби ҷумъа шаби зиёратии Имом Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ аст. Ў зиёрати машҳури Имом Ҳусайн саломуллоҳи алайҳ-ро хонд. Ҳангоми намози мағриб шуд, ба ман фармуд, то намозро бо ҷамоат бихонам. Баъд аз намоз он бузургвор аз назарам нопадид шуд ва ҳар чӣ гаштам Ўро пайдо накардам!!
Тоза ба худ омадам ва ба ёд овардам, ки Сайид маро бо ному нишон садо зад. Хост, ки ба Козимайн баргардам ва бо ин ки намехостам, баргаштам. Фуқаҳои бузургро вакили худ хонд ва саранҷом низ ба сурати ногаҳонӣ пинҳон шуд. Пас аз ин андеша дарёфтам, ки он ҳазрат Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ буда аст ва дареғо, ки дер он ҳазратро шинохтам.”
https://ayandehroshan.ir/vdcgrt9n4ak9t.pra.html
ارسال نظر
نام شما
آدرس ايميل شما