تاریخ انتشاريکشنبه ۱۱ مهر ۱۳۸۹ ساعت ۱۴:۲۷
کد مطلب : ۵۴۶
۰
plusresetminus
...
Анвоъ ва дастаҳои ғайбат
Бо таваҷҷўҳ ба матолиби гузашта ғайбати Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ амри лозим ва зарурӣ буд, вале аз он ҷо ки ҳамаи ҳаракатҳо ва иқдомоти пешвоёни бузурги мо дар роҳи тақвияти пояҳои имон ва эътиқоди мардум буд ва бими он буд, ки ғайбати охирин ҳуҷҷати илоҳӣ осебҳои ҷуброн нашуданӣ ба диндории мусулмонон ворид созад, даврони ғайбат бо раванде ҳисоб шуда ва барномарезии дақиқ оғоз гардида ва идома пайдо кард.
Солҳо пеш аз вилодати Имоми дувоздаҳум, сухан аз ғайбати он бузургвор ва зарурати он бар сари забонҳо афтод ва нақли маҳфилҳои имомони маъсум саломуллоҳи алайҳим ва асҳоби онҳо шуд. Ҳам чунин равиши робитаи Имом Ҳодӣ ва Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳимо салом бо шиаён дар қолиби ҷадид ва ба шакли маҳдудтаре анҷом гирифт ва пайравони мактаби Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим рафта-рафта омўхтанд, ки дар бисёре аз ниёзҳои моддӣ ва маънавӣ, маҷбур ба шарафёбӣ ба маҳзари Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ нестанд, балки метавонанд бо муроҷиат ба касоне, ки аз сўи имомон ба унвони вакил ва шахси мавриди эътимод муаррифӣ шудаанд, ба вазифаҳои худ амал кунанд. Бо шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ ва оғози давраи ғайбати Ҳазрати Ҳуҷҷат ибнил Ҳасан саломуллоҳи алайҳ, боз ҳам робитаи Имом ва уммат комилан қатъ нашуд, балки мардум ба василаи ноибони хосси Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ бо мавло ва муқтадои худ дар иртибот буданд ва дар ҳамин давра буд, ки шиаён ба рафту омад ва иртиботи густардатар бо олимони диниро пеш гирифтанд ва донистанд, ки дар шароити ғайбати Имом саломуллоҳи алайҳ низ роҳи шинохти вазифаҳои динӣ ба рўи онҳо баста нест. Дар ин бистар муносиб буд, ки ғайбати тўлонии ҳазрати Бақиятуллоҳ саломуллоҳи алайҳ иттифоқ афтод ва иртиботе, ки байни Имом ва шиаён дар замонҳои гузашта маъмул ва роиҷ буд, қатъ гардид.
Акнун дар бораи вижагиҳои ду давраи кўтоҳ ва баланд муддати ғайбат матолиберо хоҳем овард.
Ғайбати кўтоҳ муддат
Бо шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ дар соли 260 ҳиҷрӣ қамарӣ даврони имомати Имоми дувоздаҳум саломуллоҳи алайҳ оғоз шуд ва аз ҳамин замон ғайбати кўтоҳ муддати он ҳазрат, ки ба “ғайбати суғро” маъруф аст сар шуд ва то соли 329 ҳиҷрӣ қамарӣ -қариб ба 70 сол- идома ёфт.
Муҳимтарин вижагии давраи ғайбати суғро он аст, ки мардум ба василаи ноибони хос бо Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ дар иртибот буданд ва ба василаи онҳо паёмҳои он ҳазратро дарёф мекарданд ва ҷавоби саволу пурсишҳои худро мегирифтанд. Гоҳе низ ба василаи ноибони Имом тавфиқи шарафёбӣ ба ҳузури имоми замони худро меёфтанд.
Ноибони хосси Имом, ки ҳамагӣ аз уламо ва бузургони шиа ва интихоб кардагони Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ буданд, чаҳор нафаранд, ки ба тартиби замони ниёбат иборатанд аз:
1-Усмон ибни Саиди Амрӣ. Ў аз оғози ғайбати Имом ўҳдадори ниёбати он ҳазрат шуд ва дар соли 265 ҳиҷрӣ қамарӣ вафот кард. Ў вакили Имом Ҳодӣ ва Имом Аскарӣ алайҳимо салом низ будааст.
2-Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ. Ў фарзанди ноиби аввал аст, ки баъд аз вафоти падар ба мақоми ниёбат расид ва дар соли 305 ҳиҷрӣ қамарӣ вафот кард.
3-Ҳусайн ибни Рўҳи Навбахтӣ. Ў баъд аз 21 сол ниёбат дар соли 326 ҳиҷрӣ қамарӣ вафот кард
4-Алӣ ибни Муҳаммади Самурӣ. Вай дар соли 329 ҳиҷрӣ қамарӣ аз дунё рафт ва бо марги ў даврони ғайбати суғро поён гирифт.
Ноибони хос ҳамагӣ ба василаи Имом Ҳодӣ ва Имом Аскарӣ алайҳимо салом интихоб гардида ва ба мардум муаррифӣ мешуданд. Шайх Тўсӣ раҳматуллоҳи алайҳи дар китоби “Ал-Ғайбат”-и худ ривоят карда аст, ки рўзе 40 нафар аз шиаён ба ҳамроҳи Усмон ибни Саид (ноиби аввал) ба ҳузури Имоми Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ расиданд. Имом саломуллоҳи алайҳ фарзанди худро ба онҳо нишон дода фармуд:
“Баъд аз ман ин кўдак имоми шумост. Аз ў итоат кунед... Бидонед, ки баъд аз имрўз ўро нахоҳед дид, то умри ў ба камол бирасад. Баъд (аз ғайбати ў) он чӣ Усмон (ибни Саид) мегўяд бипазиред ва аз ў фармон бубаред, ки ў ҷонишини имоми шумост ва корҳо ба дасти ўст.” (Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад).
Дар ривояти дигар Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ ба ниёбати Муҳаммад ибни Усмон (ноиби дуввум) аз Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ низ ба равшанӣ баён фармуда аст.
Шайх Тўсӣ ривоят мекунад, ки:
“Усмон ибни Саид ба дастури Имоми Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ амволеро, ки ҷамъе аз шиаёни Яман оварда буданд, таҳвил гирифт. Гурўҳе, ки шоҳиди ин достон буданд ба Имом гуфтанд: Ба Худо савганд Усмон аз беҳтарини шиаёни шумо аст, вале бо ин кор ҷойгоҳи ў назди шумо ба мо равшантар шуд. Имом Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ фармуд: Оре, огоҳ бошед, ки Усмон ибни Саид вакили ман аст ва писараш Муҳаммад низ вакили писарам Маҳдӣ хоҳад буд.”
Инҳо марбут бо даврони қабл аз ғайбати Имоми Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ буд ва дар тўли ғайбати суғро низ ҳар як аз ноибон пеш аз марги худ ноиби баъд аз худро, ки аз тарафи Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ интихоб шуда буд ба мардум муаррифӣ мекарданд.
Ин мардони бузург ба сабаби бархўрдорӣ ва сифатҳо ва вижагиҳое, барои ниёбати хосси Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ шоистагӣ ёфтанд. Амонатдорӣ, покдоманӣ, адолат дар гуфтору рафтор, роздорӣ ва пинҳонкорӣ ва пўшонидани асрори Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим дар шароити вижаи даврони ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ аз хусусиёти муҳимми онҳо буд. Онҳо мавриди эътимод ва итминони Имом саломуллоҳи алайҳ ва парвариш ёфтагони мактаби хонадони поки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд. Баъзе аз онҳо аз синни ёздаҳ солагӣ таҳти тарбияти имомон саломуллоҳи алайҳим қарор гирифтанд ва илмро дар канори имони қавӣ дар вуҷуди худ ба камол расониданд. Номи неки онҳо бар сари забонҳо буд ва сабру бурдборӣ ва таҳаммули мушкилот ва муқовимат дар баробари сахтиҳо чунон бо вуҷудашон аҷин шуда буд, ки дар сахттарин шароит низ аз имоми худ итоати комил доштанд ва дар канори ин ҳама сифатҳои зебо, аз тавони мудирият ва раҳбарии шиаён бархўрдор буданд ва бо фаҳму огоҳии комил ва дарки ҳассосияти замон ва баҳрагирӣ аз имконоти мавҷуд, ҷомеаи шиаро дар сироти мустақими илоҳӣ ҳидоят карданд ва онҳоро аз гузаргоҳи ғайбати суғро ба саломат убур кунонданд.
Мутолиаи дақиқи даврони ғайбати суғро ва нақши муҳимми ноибони чаҳоргона дар ба вуҷуд овардани робита байни уммат ва Имом саломуллоҳи алайҳ ба хубӣ аҳамияти ин давра аз ҳаёти Имом Замон саломуллоҳи алайҳро нишон медиҳад. Вуҷуди ин робитаҳо ва низ роҳ ёфтани баъзе аз шиаён ба маҳзари имоми худ дар тўли даврони ғайбати суғро, таъсири фаровоне дар исботи вилодати Имоми дувоздаҳум ҳазрати Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ ва охирин ҳуҷҷати Парвардигор дошт ва ин дастоварди муҳим дуруст дар замоне буд, ки душманон мекўшиданд, то шиаёнро нисбат ба таваллуди фарзанде барои Имом Ҳасани Аскарӣ саломуллоҳи алайҳ дучори шакку тардид кунанд. Ба илова ин давра, замина ва бистари муносибе барои оғози ғайбати кубро буд, ки дар он даврон мардум аз доштани ҳар гуна иртибот бо имоми худ тавассути афроди муайян маҳрум мешуданд, вале бо оромиши хотир ва итминон ба вуҷуд ва ҳузури Имом ва баҳрамандӣ аз баракоти Ў, ба рўзгори ғайбати комили он ҳазрат қадам гузоштанд.
Ғайбати баланд муддат
Дар охирин рўзҳои умри ноиби чаҳорум дар номае аз Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ хитоб ба ў чунин омада буд:
“Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, эй Алӣ ибни Муҳаммади Самурӣ! Худованд дар мусибати вафоти ту ба бародарони диният подоши бузург каромат фармояд, чаро ки ту то шаш рўзи дигар ба сарои боқӣ хоҳӣ рафт. Аз ин рў ба корҳоят расидагӣ кун ва дар бораи ҷонишини баъд аз худ ба касе васият накун! Чун ки давраи ғайбати комил (ва тўлонӣ) фаро расида аст ва аз ин пас зуҳуре (барои ман) нахоҳад буд, магар баъд аз фармони илоҳӣ ва он, пас аз гузашти муддати дароз хоҳад буд, ки дилҳоро сахтӣ ва қасоват фаро гирад ва замин аз зулму ситам пур гардад...” (Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад).
Бинобар ин бо вафоти охирин ноиби хосси Имоми дувоздаҳум саломуллоҳи алайҳ дар соли 329 ҳиҷрӣ қамарӣ даврони ғайбати тўлонӣ, ки ба “ғайбати кубро” маъруф аст, оғоз шуд ва ин даврон ҳамчунон идома дорад то рўзе, ки ба хости Худованди Мутаол абрҳои ғайбат канор равад ва ҷаҳон аз партави мустақими хуршеди фурузони вилоят, баҳраманд гардад.
Ҳамон гуна, ки гузашт дар даврони ғайбати суғро шиаён ба василаи ноибони хос бо имоми худ робита доштанд ва бо таколифи илоҳии худ ошно мешуданд, вале дар даврони ғайбати кубро ин гуна робита қатъ гардида ва мардуми мўъмин барои шинохти вазифаҳои динии худ, танҳо ба ноибони омми он ҳазрат, ки ҳамон олимони динии вораста ва мароҷеи бузурги тақлид ҳастанд муроҷиат мекунанд ва ин ҷараён роҳи равшане аст, ки Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ худ дар номае ба яке аз чеҳраҳои мавриди эътимоди шиа, тарсим фармуд. Дар фарозе аз ин нома, ки тавассути дуввумин ноиби хосси Имом иблоғ шуд чунин омада аст:
"واما الحوادث الواقعة فارجعوا فيها الى رواة حديثنا فانهم حجتي عليكم وانا حجة الله عليهم..."
“Ва аммо дар мавриди рўйдодҳое, ки (дар оянда) рух хоҳад дод (ва барои шинохти вазифаи илоҳии худ дар шароити гуногун) ба ровиёни ҳадиси мо (ба фуқаҳо) муроҷиа кунед. Чун онҳо ҳуҷҷути ман бар шумо ҳастанд ва ман ҳуҷҷати Худо бар онҳо ҳастам...” (Санади ин ҳадис ҳасан (хуб) мебошад).
Ин роҳкори нав барои посухгўӣ ба пурсишҳои динӣ ва муҳимтар аз он шинохти вазифаи шахсӣ ва иҷтимоии шиаён дар давраи ғайбати комили Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ гўёи ин воқеият аст, ки низоми мутараққии имомат ва раҳбарӣ дар фарҳанги шиа, низоме шукўфо ва зинда аст, ки дар шароити мухталиф амри ҳидоят ва раҳбарии мардумро бо устувортарин равиш анҷом дода аст ва дар ҳеҷ давраву замоне пайравони мактабро бе як сарчашмаи ҳидоятгар раҳо накарда аст, балки сар риштаи умури онҳоро дар заминаҳои мухталифи зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ ба дасти бо кифояти олимони диншинос ва парҳезгор, ки амонатдори дин ва дунёи мардум ҳастанд, супурда аст, то киштии ҷомеаи исломиро дар дарёи пурталотум ва тўфонии ҷаҳон ва сиёсатҳои сиёсатбозони истеъмор аз афтодан дар гирдоби ҳодисаҳо ҳифз карда ва марзҳои эътиқодии шиаёнро посдорӣ кунанд.
Имоми Ҳодӣ саломуллоҳи алайҳ дар баёни нақши олимони динӣ дар замони ғайбат фармудаанд:
“Агар набуданд уламое, ки баъд аз ғайбати Имом Маҳдӣ саломуллоҳи алайҳ мардумро ба сўи он ҳазрат бихонанд ва онҳоро ба тарафи имомонашон ҳидоят кунанд ва бо ҳуҷҷатҳо ва далелҳои маҳками илоҳӣ дини ўро (ки дини Худост) ҳимоят кунанд ва агар набуданд он олимони ҳушёр, ки бандагони Худоро аз домҳои шайтон ва шайтонсифатон ва аз (душманиҳои) душманони Аҳли Байт саломуллоҳи алайҳим наҷот медиҳанд, ҳеҷ касе намемонд, магар ин ки аз дини Худо хориҷ мешуд!! Вале инҳо ҳастанд, ки сарчашмаи дилҳо (ва фикрҳо ва ақоиди) шиаёнро бо устуворӣ дар даст доранд он чунон, ки киштибон суккони киштиро ба даст мегирад. Он олимон бартарин бандагон назди Худованди Мутаол ҳастанд.”
Нуктае, ки қобили таваҷҷўҳ аст, шароит ва хусусиятҳое аст, ки раҳбари ҷомеа, бояд онро дошта бошад, чун ки супурдани ихтиёри умури мардум дар дин ва дунё ба шахс ё шахсоне, ки ўҳдадори ин масъулияти бузург мешаванд, бояд ҳамроҳ бо диққати назар ва ташхиси саҳеҳ ва дақиқ бошад. Ба ҳамин хотир пешвоёни маъсум саломуллоҳи алайҳим вижагиҳои фавқулодаеро барои марҷаи динӣ ва болотар аз он мақоми вилояти амри муслимин, ки ба “Валии фақеҳ” маъруф аст, баён кардаанд:
Имом Содиқ саломуллоҳи алайҳ фармуд:
“Аз миёни фақеҳон ва олимони дин он касе, ки (дар баробари ҳар гуноҳи кўчак ё бузург) худро нигаҳ дорад ва нигаҳбони дину оин (ва эътиқодоти худ ва мардум) бошад ва бо хостаҳову тамоюлоти шахсии худ мухолифат карда ва аз дастуроти мавлои худ (Имоми Замон саломуллоҳи алайҳ) итоат кунад бар мардум лозим аст, ки аз ў пайравӣ кунанд. Ва баъзе аз фақеҳони шиа чунин ҳастанд на ҳамаи онҳо.”
https://ayandehroshan.ir/vdcicqaw2t1a5.bct.html
ارسال نظر
نام شما
آدرس ايميل شما